Зиёда аз 4000 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо зиёда аз 100 муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии мамолики хориҷ шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Ин нуктаро ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт. Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки падидаи нави анҷомёфта дар асоси ин ҳамкориҳои муштарак такмили ихтисоси онлайнии омӯзгорон бо Донишгоҳи Вятски Федератсияи Русия дар масоили омӯзиши забони англисӣ ва русӣ мебошад, ки дар он беш аз 540 нафар устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон ва магистрантони донишгоҳ иштирок намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Соли 2021 ба донишгоҳ 2226 шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон барои таҳсил ҷалб карда шудаанд ва ҳоло шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ зиёда аз 4000 нафарро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *