5350 қонуншиканӣ дар Хатлон

Дар соли сипаригардидаи 2023 дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 352 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 3 ҳазору 321 гектар ошкор шудааст.

Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон зикр шуд.
Диловар Пирзода, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон гуфт, ки ба хотири дар маҳал бартараф кардани мушкилӣ 3 ҳазору 352 дастур, беш аз 4 ҳазору 245 протакол ва қарори ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

Ӯ мегӯяд, ҷарима дар маҷмӯъ зиёда аз 2 миллиону 310 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Вале давоми сол танҳо 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

“Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 725 ҳолати худсарона забт кардани замин дар майдони 513 гектар ошкор карда шуд. Дар маҳал 472 ҳолати ғасби замин бартараф гардид, ки майдони умумӣ 491 гектарро ташкил медиҳад”,-таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *