Зиёфат чиро дар назар дорад?

Сокини шаҳри Ваҳдат Аслам Аюбов дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саволҳо додааст:  «Мо намедонем зиёфат гуфта, чиро дар назар доранд, ба зиёфат  чанд навъ хӯрок дохил мешавад, зиёфат аз ҷониби кӣ- тарафи арӯс ё домод  дода мешавад.  3 соат вақти муайянгардида барои додани оши наҳор аст ё барои барпо кардани базми арӯсию домодӣ? Аз ин лиҳоз аз шахсони мутасаддӣ хоҳиш менамоем,  ки ҳангоми даровардани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур талабот ва механизми иҷрои моддаҳои онро пурра ва бо нозукиҳояш  муайян намоянд, то ба сокинони кишвар фаҳмо бошад ва донанд, ки тӯю маъракаҳояшон ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ ҳаст ё не?».

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *