Зиёзода баъд аз вазифаи нав гирифтан бо як ҳайати корӣ ба Ҳамадонӣ рафт
Сулаймон Зиёзода, ки қаблан вазири кишоварзӣ буд, баъди таъин шудан ба курсии муовини Сарвазир як ҳайати мансабдорони давлатиро ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзӣ бо худ ба ноҳияи Ҳамадонӣ бурдааст.
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат, Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзӣ, Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва объёрӣ, Н. Асозода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, А. Салимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омаданд. Меҳмонон ва ҳамроҳонашонро дар даромадгоҳи ноҳия раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ва дигар роҳбарон истиқбол гирифтанд. Меҳмонон аввал ба ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” омада, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз меваю сабзавот, полезиҳо, ғалладонагиҳо иборат буд, дидан намуданд,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, масъулон ба ҷамоати деҳоти “Панҷоб” рафта, аз хоҷагии “Ниҳолпарвар”-и ноҳия дидан карда, барои парвариши ниҳолҳову дарахтони гуногун, васеъ намудани заминҳо, зиёд кардани қаламчаҳо дастуру супоришҳо додаанд.
Ҳамин тариқ, роҳбарон ба фаъолияти аҳли заҳмати ноҳия дар бахши кишоварзӣ ошно гардида, ба масъулин ҷиҳати сари вақт ва хушсифат анҷом додани корҳо дастуру тавсияҳо додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ