Зоҳир Ағбар

Зоҳир Ағбар: Толибон маро барканор карда наметавонанд!

Бахши форсии нашрияи “The Independent” хабар дод, ки Вазорати хориҷаи “Толибон” генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанберо аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Муҳаммадзарифи Асирро таъйин кардааст.

Ҳамчунин Ҷаводи Шуъла ва Кабири Қасимро низ ба ҳайси консул ва атташе дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфтааст, ки Толибон ӯро аз мақомаш барканор карда наметавонанд, зеро ӯ ва кишвари Тоҷикистон ҳукумати онҳоро эътироф намекунанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *