Зодаи Тоҷикистон Русияро дар озмун муаррифӣ мекунад
Имсол Русияро дар озмуни солонаи «Зебосанами ҷаҳон — 2022» Яна Трофимова, ки зодаи Тоҷикистон аст, муаррифӣ мекунад. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии “ТАСС” иттилоия пахш намуд.
Яна Трофимова 31 сол дошта, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз як моҳи таваллуди ӯ оилаи онҳо ба Новокузнетск мекӯчанд ва даврони бачагии Яна дар Сибир сипарӣ мешавад. Яна Трофимова факултаи ҳуқуқшиносиро дар вилояти Кемерова хатм карда, пас аз хатм як муддат аз рӯи ихтисос кор мекунад ва баъдан директори бренди байналмилалии косметикӣ интихоб мешавад.
Баъдан ӯ ба тиҷорат дар самти зебоӣ рӯ меорад ва ҳамакнун дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад. Ӯ оиадор буда, ду духтар дорад.
Яна пештар унвонҳои баланд дар соҳаи зебоӣ, ба мисли «Мисс Кузбасс» ва «Мисс Русия»-ро дар Русия соҳиб шуда буд ва ҳамакнун роҳи ӯ барои дар сатҳи аз ин ҳам боло кушода шуд.
Озмуни «Зебосанами ҷаҳон» аввалин маротиба соли 1984 дар Австралия баргузор шуда буд.
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ