Зодаи Тоҷикистон — “шоҳи силоҳфурӯшон”. Путин Виктор Бутро озод кард

Виктор Бут, соҳибкори рус, чеҳраи шинохтаи ҷаҳони ҷиноӣ, ки расонаҳо ӯро “шоҳи силоҳфурӯшон” ва “тоҷири марг” муаррифӣ мекунанд, бо талошҳои президенти Русия Владимир Путин аз зиндони ИМА раҳо карда шуд. Бут зодаи Тоҷикистон аст…

Бо талоши Путин

8-уми декабри соли 2022 дар фурудгоҳи Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб табодули маҳбусон, байни Амрико ва Русия сурат гирифт. Расонаҳо хабар додаанд, ки ҷониби Амрико шаҳрванди Русия Виктор Бутро, ки дар Амрико бо ҷурми қочоқи силоҳ ҳукми худро адо мекард, бо Бриттни Грайнер, баскетболбози амрикоӣ, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд, иваз кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳарду маҳбус пеш аз табодул аз тарафи ҳукуматҳо афв шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки на Бут ва на Бриттни муҳлати боқимондаи ҳукмро дар ватанашон сипарӣ нахоҳанд кард ва дар кишварҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки табодул бо миёнчигарии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст. Ин вазорат навиштааст: “Русия аз дер боз аст, ки барои раҳоии Бут кӯшиш мекард ва бо Амрико пайваста музокира менамуд. Вале ҷониби Амрико қатъан ин қазияро рад мекард ва мухолифи истирдоди ӯ ба ватан буд”. Ба гуфти ин вазорат, дар ин табодул “нақши асосиро президенти Русия Владимир Путин бозӣ кардааст” ва  табодули Бут бо варзишгари амрикоӣ “бо кӯшишҳои бевоситаи ӯ” амалӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як мансабдори воломақоми Кохи Сафед низ ба CNN гуфтааст, ки “раисҷумҳур Байден ҳамеша бо тими музокиракунанда дар алоқа буд”.

Тоҷири марг

Виктор Бутро ҳанӯз соли 2008 пулиси Тайланд дар Бангкок боздошт ва ба Амрико истирдод карда буд. Додгоҳи Амрико Бутро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи силоҳ ба режимҳои гуногун ва гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Виктор Бут зодаи Тоҷикистон буда, бо номҳои “тоҷири марг”, “шоҳи тиҷорати яроқ” ва “барони бозори силоҳ” машҳур аст. Ӯ соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони олмониро дар ноҳияи Рӯдакӣ (Ленин) хатм кардааст. Ҳамзамон ӯ дар Тоҷикистон забони байналмилалии эсперанторо низ аз худ намуда, баъдан ба омӯзишгоҳи низомии Қазон дохил шудааст. Хидмати сарбозиро дар Украина гузаронида, пасон ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷии Маскав дохил шуд ва забони португалиро низ аз худ кард. Дар замони Шӯравӣ ҳамчун тарҷумони низомӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат карда, дар солҳои навадум рӯ ба тиҷорат овард. Ибтидо ба хариду фурӯши байналхалқии гул, гӯшти мурғ ва таҷҳизоти мебелӣ машғул буд.

Баъдан номи Виктор Бут ҳамчун тоҷири силоҳ машҳур шуд. Ӯ дар як мусоҳибааш қоил мешавад, ки ҳанӯз дар синни 25-солагӣ ба тиҷорати силоҳ даст зада, ин корро дар Афғонистон оғоз намудааст. Гуфта мешавад, ӯ ҳам ба неруҳои давлатии Афғонистон ва ҳам ба гуруҳи террористии “Толибон” аслиҳа мефурӯхт.

Инчунин ӯ ба шӯришгарон дар Ангола ва кишварҳои Африқои ғарбӣ низ силоҳ мефурӯхтааст. Ва дар ҳамин замина СММ бар зидди Бут ҳатто дар соли 2000-ум таҳримот ҷорӣ намуд.

Ҳатто кораш то ба он дараҷае мерасад, ки соли 2002 ба гуруҳи террористии “Ал-Қоида” яроқи кимиёӣ дастрас мекунад. Пас аз ин муомила “Интерпол” Бутро зери пайгард қарор медиҳад ва Бут ба таври доимӣ дар Русия боқӣ мемонад. Вале зимни як амалиёти махсуси истихбороти Амрико ӯ бехабар аз доми Амрико дар Тайланд боздошт мешавад.

Пешвоз бо оши палов

Виктор Бутро дар Москва ҳамсараш ва модараш бо оши палов пешвоз гирифтанд. Расонаҳои русӣ менависанд, ки Бут паловро дӯст медорад. Ҳамсари Виктор Бут Алла Владимировна рассом, тарроҳ ва соҳибкор аст. Дар манбаъҳои боз омадааст, ки онҳо як духтар бо номи Елизаветта доранд. Бародари Виктор Бут Сергей низ тоҷир аст.

Виктор Бут вегетарианес аст. Дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки пайрави ягон дин нест, вале ақидаҳои Исои Масеҳ, Зардушт, Буддо ва Кришнаро мепазирад.

Виктор Бут донандаи забонҳои англисӣ, франсузӣ, португалӣ, тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) зулу, коса, эсперанто аст.

Виктор Бут ба рассомӣ ҳам машғул аст. Соли 2015 замони дар зиндон буданаш дар Москва намоиши расмҳои ӯ баргузор шуд.

Дар бораи Виктор Бут чандин китоб навишта шуда, чанд филм ба навор гирифта шудааст.

Ҳамсанги Бут

Виктор Бутро бо Бриттни Грайнер иваз карданд. Ӯ яке аз машҳуртарин занҳо дар баскетболи ҷаҳон буда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва чемпиони дукаратаи олимпист. Ӯ соли 2014 унвони чемпиони WNBA-ро ҳам соҳиб шудааст.

Ӯ инчунин дар рӯйхати 25 зани баскетболбози беҳтарини NBA шомил аст. Аз соли 2015 инҷониб Бриттни ҳангоми таътил дар чемпионати Амрико дар бошгоҳи баскетболи УГМКА-и шаҳри Екатеринбург бозӣ мекард.

Бриттниро моҳи феврали соли 2022, ҳамагӣ чанд рӯзе пеш аз оғози ҷанг дар Украина, ҳангоми бозгашт аз Ню-Йорк ба Маскав дар фурудгоҳи “Шереметово” боздошт карда буданд.

Бино ба фарзияи додгоҳ, гӯё ҳангоми тафтиш кормандони фурудгоҳ аз бағоҷи дастии ӯ як миқдори хурди маводи мухаддир пайдо кардаанд. 4-уми августи соли 2022 додгоҳ дар Русия ӯро ба муддати 9 сол равони зиндон кард ва ҳамчунин ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ баст. Ӯ ҳукми худро дар зиндоне дар ҷумҳурии Мордовия адо менамуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *