Зулфия Атоӣ – Тоҷикистон

Барбодрафта

Ишқи ман ашке шуду аз дида рехт,

Ишқи ман оҳу шуду аз мо гурехт.

Номае буд ишқи ман, сад пора шуд,

Ишқи ман ашке шуду аз дида рехт.

 

Ишқи ман бо хандаҳо берун шуда,

Рўи мижгон қатраи серун шуда.

Кам-камак ишқи маро маҳтоб бурд,

Дар лаби дарё, ки буд, об бурд,

Ишқи ман бо хандаҳо берун шуда…

***

Аз дили ў гар хабар медоштам,

Доманашро сахттар медоштам.

Бо фусуну сеҳру лабханди дигар,

Кардаме шояд дилашро нармтар,

Аз дили ў гар хабар медоштам…

***

Ишқи ман як «оҳ» шуд, як шеър шуд,

Дер шуд, бар шиква акнун, дер шуд.

Турнаҳо оянд гарчӣ аз сафар,

Турнаи ишқам намеояд дигар,

Ишқи ман як «оҳ» шуд, як шеър шуд…

***

Гилае аз Ҳофиз

Ало Ҳофиз, ало Ҳофиз, чаро додӣ?

Самарқанду Бухороро ба як холе!

Магар фардои дунёро яқин кардӣ,

Барои мо магар шеъри ту буд фоле.

Ба шўхӣ шояд ин шаҳбайтро гуфтӣ,

Вале шўхӣ дар ин даврон ҳақиқат шуд.

Ало Ҳофиз, кушо рози муамморо,

Фаришта ё ҳамон соат дуо бинмуд?

Дареғ, авлоди ту имрўз бар холам,

Самарқанди фалаксоро намебахшад.

Ту ҳиммат кардию фарзанди ин туркат,

Ба ман гарди Бухороро намебахшад.

***

Муаммо

Ту ҳар лаҳза дигар гардӣ,

Пур аз розу муаммои.

Ту безебию зебои,

Ту нодорию дорои.

Шавад дил то зи ту огоҳ,

Туро пайваста бояд хонд.

Туро омўхтан душвор,

Намедонам чӣ инсонӣ.

Даме бе ту маро марг аст,

Даме бо ту пушаймонӣ.

زلفیه عطائی- تاجیکستان

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *