Зувайдзода: Майдафурӯшони назди бозор аз пардохти чекпулӣ озод карда шуданд

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба маъмурияти бозорҳо супориш додааст, ки дигар аз майдафурӯшоне, ки дар назди бозорҳо савдо мекунанд, пули чеки бозор нагиранд. Муовини аввали шаҳрдор гуфт, «намешавад, мо тамоми корамонро партофта, ба пеш кардани он холаҳо машғул шавем.”

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, шаҳрдории пойтахт рӯзи 24 июл ба мақомоти дахлдор ва маъмурияти бозорҳо супориш додааст, ки тамоми майдафурӯшонеро, ки дар назди бозорҳо дар сари кӯча ба савдо машғуланд, аз пардохти чеки ҳаррӯзаи бозор озод кунанд.

Зувайдзода рӯзи 25 июл дар нишасти хабарии шаҳрдорӣ гуфтааст, бо ин майдафурӯшон, ки аксаран занҳоянд, борҳо хоҳиш кардаанд, ки бидуни пардохти чек дар дохили бозорҳо савдо кунанд, вале онҳо баъди анҷоми рейдҳо боз ба сари кӯча бармегарданд.

Муовини аввали раиси пойтахт гуфтааст, набояд дар баробари ин мардум аз зӯр кор гирифта шавад: «Намешавад, ки мо тамоми корамонро партоему ҳамон ду холаро пеш кунем. Мо тавсия дода истодаем, оҳиста-оҳиста ин мушкил ҳал мешавад. Набояд дар ин масъала аз зӯр кор бигирем.

Аксари ин майдафурӯшон занони танҳоянд, ки савдои кӯча ягона манбаи таъмини рӯзгори хонаводаашон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *