Ҳомид Маҷидов: Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад!
Қарор буд бо забоншиноси маъруф, профессор Ҳомид Маҷидов, ки ҳафтаи равон 85-сола мешаванд, доир ба рӯзгорашон ва вазъи забони тоҷикӣ суҳбат кунем, вале домани суҳбати мо аз он чӣ дар нақша буд, фаротар рафт.
“Чаққонолимон”
— Ҳомид Маҷидович, мавлудатон муборак!
— Ташаккур. Сипос, ки ба аёдати ман омадед.
— Ин санаи умрро чӣ тавр пешвоз мегиред?
— Чун ҳамеша дар фикри илмаму аз пайи иҷрои корҳои нотамом. Пирӣ ҳам махсусиятҳои худро дорад, гоҳе баҳол ҳастеду гоҳе не. Вале бояд гӯям, касоне, ки ба кори илмӣ машғул ҳастанд, дертар пир мешаванд. Ман ҳам аз шумули чунин инсонҳоям. Вақте одам сари кор мешинад, нӯги калобаро ба даст мегирад ва гиреҳи як муамморо кушоданӣ мешавад, пириро фаромӯш мекунад. Банда ҳанӯз ҳам машғули корҳои илмӣ ҳастам. Таҳқиқоти асосиамро дар самти фразеология идома дода истодаам. Ҳамчунин, чанд соли охир ба таҳқиқи этимологияи калимаҳо машғулам. Дарс намедиҳам, вале аз донишгоҳ дур нестам. Дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессори мушовир ҳастам. Узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ низ мебошам. Дар вақти зарурат рафта меоям. Ба шогирдонам роҳнамоӣ мекунам. Дирӯз як шогирдам рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
— То имрӯз чанд номзад ва доктори илм тайёр кардед?
— 10 шогирдам имрӯз номзади илм ҳастанд. 2 нафар аз онҳо дар арафаи дифои рисолаи докторӣ. Ростӣ, ман мисли баъзе аз “роҳбарони чаққон” 40-50 шогирд надорам ва барои ин талош ҳам накардаам. Шогирдони ман 7-8 сол меҳнат карда, номзади илм мешаванд. Ман барои шогирдон мавзуҳои хеле мушкил медиҳам.
— Феълан дифои рисолаи номзадӣ дар бахши филология, бахусус забоншиносӣ хеле осон шудааст. Оддитарин мавзуҳоро, ки дар доираи як мақола ҳал кардан имкон дорад, рисолаи номзадӣ мекунанд. Барои мисол, истифодаи ким-кадом вожа дар фалон асар. Ба ин гуна корҳо чӣ хел баҳо медиҳед?
— Бале. Бо шумо мувофиқ ҳастам. Сабаб дар он аст, ки солҳои охир назорат аз болои корҳои илмӣ нест. Албатта, рисолаҳо дар назди кафедраву донишгоҳҳо ва шӯроҳои илмӣ муҳокима мешаванд, вале худи мавзуъ қаблан баррасӣ намешавад. Ҳоло роҳбари илмӣ ё худи унвонҷӯ ҳар мавзӯеро пешниҳод мекунад, муҳокима нашуда, тасдиқ мешавад. Солҳои Шӯравӣ дар назди Академияи илмҳо як ташкилот буд — Координатсияи корҳои илмӣ. Ҳоло барои мо як ниҳоди муттамарказе лозим аст, ки корҳои илмиро ба ҳисоб гирифта, иҷрои онҳоро назорат кунад, то ки ҳар хел мавзуҳои пуч роҳ наёбанд. Албатта, ҳозир як институт ҳаст, вале кори иҷрошударо ба қайд мегирад. Моро зарур аст, ки кори илмӣ аз оғоз назорат шавад. Ҳоло баъзан мешавад, ки кори илмӣ дубл мешавад. Як мавзӯро ду кас таҳқиқ мекунанд. Барои мисол, дар ҳамин чанд муддати охир оид ба калимаҳои арабӣ дар “Наводир-ул-вақоеъ” ду кор навишта шуд, яке дар Душанбе, дигаре дар Хуҷанд. Касе ин ду муҳаққиқро ҷеғ зада муҳокима накард, ҳар ду кор ҳимоя шуд.
— Умуман, сатҳи илми забоншиносиро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
— Пажуҳишҳое, ки то имрӯз дар забоншиносӣ сурат гирифтанд, тадқиқотҳои аввалин мебошанд. Зеро мо дар гузашта илми забоншиносӣ надоштем. Албатта, гузаштагони мо оид ба забон рисолаҳо навиштаанд, вале илми системанок набуд. Дар “Ёддоштҳо” устод Садриддин Айнӣ менависанд, ки дар мадрасаи Бухоро забони арабиро 19 сол меомӯхтанд, вале забони модариро не. Мо ба таҳқиқи забон 100 соли охир шуруъ кардем. Бинобар ин, паҳлуҳои мухталифи он ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Дигар ин ки, то охири солҳои 30-юм забони мо забони форсӣ буд. Баъдан, он номи тоҷикиро гирифт. Мустақил шуд. Бинобар ин, ҳанӯз масъалаҳои муҳим ва мухталиф омӯхта нашудаанд. Барои мисол, забони адабии гуфтугӯии мо таҳқиқ нашудааст. Бинобар ин, таҳқиқот бояд ҷиддӣ ва пайваста бошад.
Тоҷикӣ, форсӣ ё дарӣ?
— Шумо дар бораи номи забонамон ишора кардед, ки солҳост атрофи он баҳс мекунем. Ба андешаи шумо, забони мо чӣ ном дорад: форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ?
— Забони тоҷикӣ яке аз гунаҳои форсии классикӣ аст. Форсие, ки дар ибтидо дарӣ ном дошт ва то соли 1920 дар аксари манотиқи дунё хизмат мекард. Вақте низоми ҷаҳон тағйир ёфт ва мо соҳиби давлат шудем, забонро тоҷикӣ номидем, чунки инҷо зарурат буд ва дуруст ҳам кардем. Забон бояд ба давлату миллат хизмат кунад. Агар номи забонамон тоҷикӣ набошад, он чӣ гуна ба давлати Тоҷикистон хизмат мекунад?! Вале дар солҳои 30 ва 40-ум забони тоҷикии мо забони кӯчагӣ ва забони хона шуд…
— Сабаб чӣ буд?
— Охири солҳои 30-юм қароре баромад, ки забони русӣ дар тамоми мамлакат ҳамчун забони давлатӣ дарс дода шавад. Ана ҳамин қоида дар Тоҷикистон бо шеваи бисёр дағал ҷорӣ шуд. Дар ҳамин раванд, “маъракаи” соддакунии забон шуруъ гардид. Ин корро худи тоҷикҳо карданд. Дере нагузашта, солҳои 40-ум алифбо дигар шуд. Баъди солҳои 40-ум муҳоҷирати русзабонҳо ба Тоҷикистон афзоиш ёфт. Ҳамин тавр, мавқеи забони тоҷикӣ коста шуд. Душанбе чанд даҳсола шаҳри русзабонҳо буд.
— Оё ин барномаи тарҳрезишуда буд ё раванди табиӣ?
— Ё ҳар ду. Мутаассифона, ин раванд на танҳо ба забон латма зад, балки мавқеи тоҷиконро дар хонаашон танг кард. Ҳамон солҳо вақте ба автобусҳо медаромадем, ҳама рус буданд. Ҳатто ба мо тоҷикҳо назарногирона нигоҳ мекарданд. Баъзе рӯйрост таҳқир ҳам мекарданд. Солҳои 60 ва 70 чунин ҳодисаҳо зиёд шуданд. Мӯйсафеди тоҷик он солҳо “бабай” ном гирифт ва занони русзабон “бабайку отдам” гуфта, кӯдаконашонро метарсониданд. Як воқеаро нақл мекунам. Солҳои 60-ум мо — муаллимони ҷавон нишаста будем, ки профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки аллакай калонсол буданд, ба кафедра даромаданд. Он солҳо корпуси мо дар назди бозори “Шоҳмансур” буд. Муаллим аз дар даромадан замон гиристанд. Сабаб пурсидем. Гуфтанд, ки дар кӯча маро як зани рус таҳқир кард, ба фарзандаш нишон дода, “бабайку отдам” гуфта, ӯро тарсониданӣ шуд. Яъне мавқеи тоҷикон аз ҳар ҷиҳат танг буд. Пӯшида нест, ки дар вазифаҳои масъул ва дар корҳои даромаддор намояндагони миллатҳои дигар кор мекарданд. Аз миёни тоҷикон кадрҳои соҳаҳои техникӣ, геология ва ғайра камтар омода карда мешуд. Аксари муҳандисон, коркунони соҳаи маишӣ, хизматрасонӣ аз дигар миллатҳо буданд. Ман ба ин васила сохти Шӯравиро танқид карданӣ нестам, аммо воқеият чунин буд…
Ҳомид Маҷидов (тав. 15-уми июни соли 1937) — забоншинос, доктори илми филология (1995), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Яке аз бунёдгузорони назарияи фразеология (таъбирот)-и забони тоҷикӣ. Тамоми умр бо ин мушкилоти сарбаста машғул шуда, як силсила масъалаҳои мубрами онро ҳал кардааст. Ҳамчунин, ба масъалаҳои мубрами луғат, сарф, савтиёт, имло ва услубиёти забони муосири тоҷик машғул шудааст. Бахусус, ақидаҳои ӯ нисбат ба калима ҳамчун воҳиди асосии забони тоҷикӣ ҷолиби диққатанд. “Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик” (1982), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ” (2002), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Забони адабии муосири тоҷик” (2007), “Истиқлол ва забони давлатӣ” (2011), “Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ” (2012), “Сеҳри сухани форсӣ-тоҷикӣ” (2014) беҳтарин китобҳои ӯ ҳастанд.
Бедорие, ки аз Бердиева оғоз шуд
— Дар чунин шароити душвор чӣ тавр дар солҳои 80-ум бедории фикрӣ ва вуҷуд омад?
— Бедории фикрӣ дар Тоҷикистон барвақт сар шуда буд. Солҳои 60-ум, вақте Бӯринисо Бердиева сармуҳаррири “Маориф ва маданият” таъйин шуд. Устодони факултаи филологияи мо дар ин раванд фаъол буданд. “Маориф ва маданият” дарди дили равшанфикрони тоҷикро чоп мекард. Бори аввал дар бораи Наврӯз, ки он солҳо маросими динӣ ва табӯ буд, мақолаҳо нашр кард. Бузургони адабиёти классикиамонро муаррифӣ намуд. Проблемаҳои миллиро низ ба миён мегузошт. Масъалаҳои забонро низ матраҳ мекард. Бедории мо аз ҳамин ҷо оғоз шуд.
Марҳилаи дуввуми бедорӣ ба солҳои 70-ум рост меояд. Вақте мутахассиони тоҷик барои кор ба Афғонистон, Эрон, Ироқ ва дигар давлатҳои арабӣ рафта омаданд. Махсусан, Афғонистон шуури аҳли зиёи моро дигар кард. Равшанфикрони мо бо хати арабиасоси форсӣ ошно шуданд ва ба ин васила мероси гаронбаҳои гузаштаро мутолиа карданд. Худи ман 2 сол дар Афғонистон будам. Дар ин давра калимаву ибораҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кардам. Барои мисол, як рӯз дар бозор, дар назди дӯкони гӯштфурӯшӣ будам. Як зан омаду гӯшт хариданӣ шуд. Вале ба табъаш нафориду гуфт: “Гӯштат гандида аст”. Ман ҳайрон шудам, зеро ин калима бароям нав буд. Мо гандаро истифода мекунем, вале гандидаро не. Чунин калимаҳои зебо дар забони тоҷикон ва тоҷикзабонони Афғонистон хеле зиёданд.
— Яъне ҳамин талошҳо сабаб шуданд, ки дар Тоҷикистон қонуни забон қабул шавад?
— Бале. Дар раванди бедории миллӣ яке аз баҳсҳои асосӣ баҳси забон буд, зеро забон ҷузъи муҳими худшиносӣ аст. Ман дар он баҳсҳо фаъол набудам, зеро рисолаи докторӣ менавиштам. Ҳамон солҳо бо ташаббуси Муҳаммадҷон Шакурӣ дар матбуоти умумииттифоқӣ мақолаҳо дарҷ гардиданд. Яъне талаби тоҷикон то Маскав расид. Ҳатто Михаил Горбачёв дар як нишаст, вақте сухан аз вазъи кишварҳои назди Балтика рафт, гуфт: “На танҳо Прибалтика мехоҳанд, ки забонашон давлатӣ шавад, балки тоҷикҳо ҳам талаб доранд, ки ба забонашон мақоми давлатӣ диҳем”. Ба гуфти Муҳаммадҷон Шакурӣ, аввалин халқе ҳастем, ки дар ҳайати Иттифоқи советӣ соҳиби қонуни забон будем.
Ташвишҳои хати арабӣ
— Яке аз масъалаҳои пурбаҳс ва печида баргаштан ба хати арабиасоси форсӣ аст. Шумо ба ин чӣ назар доред?
— Дар ин маврид соли 2017 таҳти унвони “Даъвои дасисаангез” мақолае навишта будам, ки он дар “Тоҷикистон” чоп шуда буд. Дар ҳамон мақола ақидаҳоямро гуфтаам. Хати арабӣ, яъне хати ниёгон — ин хати якуми мо нест, балки яке аз хатҳои гузаштаи мост. Аз хати арабӣ пештар мо хати оромӣ доштем, аз он қадимтар хати мехӣ ва қаблан шояд хатҳои дигар. Дар бораи хати арабӣ баҳсҳо зиёданд. Байни арбобони дин, намояндагони воломақом ва олимон борҳо дар ин маврид баҳсу мунозираҳо сурат гирифтааст. Ба ин масъала зиёдтар забоншиносони номвар Амонов ва Ғаффоров машғул шуда, “26 айби хати арабӣ”-ро ошкор карда буданд. Бинобар ин, ин хат камбудиҳои зиёд дорад. Агар мо ба ин хат баргардем, бо ҳама камбудиҳояш бармегардем. Онро тағйир ва такмил дода наметавонем. Зеро он хати “Қуръон” аст. Хати “Қуръон”-ро тағйир додан мумкин нест. Ба он хат гузаштани мо ба мо фоида намеорад. Мардуми на он қадар босаводи мо якбора бесавод мешавад.
— Устод, шумо имрӯз телевизион тамошо мекунед, радио гӯш мекунед, газета мехонед, яъне аз вазъи забони адабӣ огоҳед. Онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Дараҷаи баланди фасоҳат умуман дида намешавад, лекин шукр, вазъи имрӯзаи забони матбуот, умуман, забони адабии тоҷик назар ба солҳои 80 ва 90-ум хубтар аст ва рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Фақат бетаваҷҷуҳӣ кардан лозим нест.
Суҳбатнигорон:
Одил НОЗИР,
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ