Барф дар Шамсиддин Шоҳин ба боғдорон зарар овард?
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ду рӯз аст, ки барф меборад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин минтақаи кишвар, ки нисбатан гарм аст, ҳанӯз дар фасли зимистон дарахтон гул карда, мардум заминҳои хешро кишт карда буданд.
Кишоварзон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир бориши барф ба ҳосилнокии замин мусоидат кунад ҳам, аммо барои дарахтони мевадиҳанда, ки аллакай гул кардаанд, таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Бо вуҷуди ба охир расидани моҳи март, аввалин моҳи фасли баҳор ҳаво дар гармтарин минтақаи Тоҷикистон, вилояти Хатлон сард аст.
Рӯзҳои 26 ва 27 март дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барф боридааст, ки собиқаи кам дорад.



Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ