НИЗОМУЛМУЛК (1017 — 1092)

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ, ки бо номи Низомулмулк машҳур буда, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тӯс гузаронида хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ аз худ менамояд. Абӯалӣ махсусан дар донистани илмҳои калом, таърих, ҷуғрофия мумтоз мешавад. Дониш ва ақлу заковати баландаш имконият доданд, ки ӯро ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб намоянд. Низомулмулк, пеш аз он ки ба мансаби вазирӣ расад, дар девон ба корҳои одӣ машғул буд ва ба мактабу маориф роҳбарӣ мекард.

Низомулмулк дар замони худ яке аз симоҳои барҷаста буда, дар инкишофи илму фарҳанг хизмати бузург кардааст. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат мадрасаҳо сохта, донишмандони бузург ба мадрасаҳо ҷалб карда шуданд. Ӯ бо шоир, риёзидон ва астрономи барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём алоқаи дӯстӣ дошта, ба олим ёрии моддию маънавӣ мерасонд. Дар натиҷаи ҳамкории онҳо соли 1079 тақвими нав тартиб дода шуд. Ин тақвим дар Аврупо аз тарафи Папа Григорий соли 1582 қабул гардид.

Дар дарбор Низомулмулк мақому мартабаи зиёд дошт. Ҳасудон аз пешрафту муваффақиятҳои кори ӯ ҳасад бурда, аз пайи нест кардани Низомулмулк шуданд. Ниҳоят, соли 1092 Низомулмулк аз тарафи ин гурӯҳ кушта шуд.Дар таърихи маданияти халқҳои форсу тоҷик Низомул-мулкро на ҳамчун вазир, балки ҳамчун муаллифи «Сиёсатнома» мешиносанд. Ӯ ин асарро дар охирҳои умраш навишта ба анҷом расонд. Асар аз 51 боб иборат буда, доир ба масъалаҳои гуногуни давлатдорӣ, қоидаю усули роҳбарӣ маслиҳатҳои муфид медиҳад. Имрӯз ҳам бисёр фикрҳои Низомулмулк қимату арзиши худро гум накардаанд.

Низомулмулк дар ҳар як боб пас аз баёни масъалаи асосӣ барои тасдиқи ин масъала аз ҳаёти шоҳони гузашта, сарлашкарон, вазирону олимон ва шоирону нависандагон нақлу ривоят, ҳикояҳо меорад, ки онҳо характери пандомӯзӣ доранд. Ақидаҳои ӯ дар бораи ягонагии давлат аҳамияти калон доранд.

Низомулмулк ба воситаи ҳикоятҳои пандомез тарзу усули корбарии роҳбарони давлатро нишон дода, аз онҳо талаб мекунад, ки бояд роҳи адолат, некандешӣ, накукориро нисбат ба халқ пеш гиранд.

Низомулмулк бо ташкили мактабҳои диние, ки бо номи ӯ ба «Низомия» маъруф буданд, табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти иҷтимоӣ мубориза мебурд. Низомулмулк бо мазҳаби исмоилия — мухолифини сарсахти cалҷуқиён мубориза бурд ва аз ҷониби фидоиёни исмоилӣ ба қатл расонида шуд. Низомулмулк 14 октябри соли 1092 дар Наҳованд (ҳоло дар Озарбойҷон) ба хок супорида шудааст.

Чанд ҳикоят аз “Сиёсатнома”

Исмоили Сомонӣ ва Амри Лайс. Амири Одил, аз ҷумлаи Сомониён яке будааст, ки ӯро Исмоил ибни Аҳмад гуфтандӣ, сахт одил будааст.

Дар байни лашкари Исмоил ва Амри Лайс муҳорибаи шадид ба вуқӯъ омад ва лашкари Исмоил зафар ёфт. Пас аз ғолибият Амир Исмоил рӯй сӯйи бузургону сарони лашкари хеш карду гуфт:

– Ин нусрат Худои таоло маро дод ва ҳеҷ касро бар ин неъмат бар ман даст нест ҷуз Худойро. Бидонед, ки ин Амри Лайс марде бузургҳиммату бузургато ва бараъю тадбир ва бедор дар корҳо ва фарохнону намак. Раъйи ман чунон аст, ки бикӯшам, то ӯро ҳеч газанде нарасаду аз ин банд халосӣ ёбад». Бузургон гуфтанд: «Раъйи амир савобтар, ҳар чӣ маслиҳат бошад, фармояд».

Амри Лайс чун ин бишунид, гуфт: — Донам, ки маро ҳаргиз аз ин банд халосӣ нахоҳад буд, валекин ту, ки Исмоилӣ, муътамадеро пеши ман фирист. Дарвақт муътамадеро пеш фиристод. Амри Лайс муътамадро гуфт: – Ту Исмоилро бигӯй, маро на ту шикастӣ, балки диёнату сирати ту шикаст ва ин мамлакатро Худои таъоло аз ман биситонд ва ба ту дод ва ту бадин некӣ сазоворӣ. Ва ман мувофиқати Худои таоло кардам ва туро ҷуз нек нахоҳам ва ту дар ин ҳол мулк нав гирифтаӣ, валекин хазона надорӣ. Маро ва бародари маро ганҷҳо ва дафинаҳост бисёр ва нусхаи ҷумла бо ман аст. Ман он ҳамаро ба ту арзонӣ дорам, то ту бад-он қавиҳол шавӣ.

Ва калиди хазоин ба Амир Исмоил фиристод. Ва чун муътамад омад ва он чӣ шунида буд, бозгуфт, ганҷнома пеши Амир Исмоил биниҳод. Рӯй ба наздикон карду гуфт: – Ин Амри Лайс аз бас зиракӣ, ки дорад, мехоҳад, ки зираконро дар дом андозад. Ганҷномаро бардошт ва пеши он муътамад андохту гуфт: – Инро бад-ӯ боздеҳ ва бигӯй, ки туро ва бародари туро ганҷ аз куҷо омад, ки падари шумо марди рӯйгар буд ва шуморо рӯйгарӣ омӯхт. Аз иттифоқи осмонӣ мулк фурӯ гирифтед ва ба таҳаввур кори шумо баромад ва ин ганҷҳо ва дираму динор ҳама он аст, ки аз мардум ба тазаллум ва ноҳақ ситондаед, баҳои ресмони гандапирон ва моли ғарибону ятимон ва заифон аст.

Ва ҷавоби ҳама фардо пеши Худои таоло шуморо мебояд дод. Ту мехоҳӣ, ки ин мазламаро дар гардани ман кунӣ, то чун фардо ба Қиёмат хасмон шуморо бигиранд, ки моли мо ба ноҳақ аз мо ситондаед, боз диҳед ва гӯед: «Ҳар чӣ ситондаем, ба Исмоил додаем». Аз ӯ талаб кунед, ки ман тоқа-ти ҷавоби хасмон надорам.
Аз худотарсӣ ва диёнате, ки дар ӯ буд, он ганҷҳоро напазируфт ва баӯ боздоду ба дунё ғарра нашуд.

ЧАРО ОЛИ СОСОН ЗАВОЛ ЁФТ

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки сабаб чӣ буд, ки подшоҳии Оли Сосон вайрон гашт ва ту тадбиргари ӯ будӣ ва имрӯз ба рою тадбир ва хираду дониш туро дар ҷаҳон назире нест.

Гуфт: «Сабаб ду чиз буд: яке он ки Оли Сосон корҳои бузург ба кордорони хурд ва нодон гумошта буданд ва дигар аҳли донишу хирадмандро харидорӣ накарданд ва кор ба нодону кӯдакон гузоштанд ва ин ҳардуро хираду дониш набошад ва ҳар он гоҳ, ки кор бо нодонону кӯдакон афтад, бидон, ки подшоҳӣ завол ёбад».

ҶАВОБИ УМАРИ ХАТТОБ БА ЯЗДИГУРД

Гӯянд Яздигурд шаҳриёри охири мулки Аҷам буд. Расул фиристод ба амиралмуъминин Умар Расул ба Умар гуфт: «Имрӯз дар ҳама олам даргоҳе аз даргоҳи мо анбӯҳтар нест ва хизонае аз хизонаи мо ободонтар нест ва лашкаре аз лашкари мо далертар не. Ва чандон иддату олат, ки мо дорем, кас надорад». Амиралмуъминин ҷавоб бозфиристоду гуфт: «Бале, даргоҳи шумо анбӯҳ аст, валекин аз мутазаллимон ва хазина ободон аст, валекин аз моли ятимон ва лашкари шумо далер аст дар бефармонию исён. Чун давлат рафт, иддату олат суд надорад. Ва ин ҳам далел аст бар бедавлатии шумо».

Ҳамчунон буд, ки амиралмуъминин ҷавоб дод.

Волӣ бояд, ки аввал инсоф аз хеш бидиҳад, то ҳамгинон мунсиф шаванду тамаъ аз муҳол ва новоҷиб бибуранд.

ТАДБИРИ СУЛТОН

Ва ҳам шунидам, ки дар Ғазнин хаббозон дарҳои дукон барниҳоданд. Нон азизу ноёфт гашт ва дарвешон дар ранҷ афтоданд ва тазаллум ба даргоҳи султон оварданд ва аз нонвоён бинолиданд. Султон бифармуд, то нонвои хос биёваранд ва дар зери пойи фил афганданд.

Чун бимурд ба дандони пил бастанду дар шаҳр бигардониданд ва бар вай мунодӣ карданд, ки «ҳар кӣ дари дукон кушода накунаду нон нафурӯшад, бо ӯ ҳамин равад, ки бо ин рафт».

Анборҳо харҷ карданд, намози шом бар дари ҳар дуконе панҷоҳ нон монда буд ва касе намехарид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *