Дар ҷустуҷӯи Саидшои журналист
Бо шарофати нишастҳои матбуотӣ шабе ҳамроҳи директори мактаби деҳаи Туто Фаррух Исмоилов дар хонаи муаллим Бердӣ Шоев меҳмон шуда, аз ҳар хусус суҳбат доштем. Аз паҳлавониҳову майдондориҳояш гуфту гап болои шаҳидони роҳи озодӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ омад. Вақте дар ҷустуҷӯи журналисти ҷонфидо Саидшо Саидов буданамро изҳор кардам, акои Бердӣ афзуд, ки ин ҷавон аз деҳаи Лангар буда, модараш сиҳату саломат онҷост.
Рӯзи 13-уми феврал роҳи деҳаи қадимаи Лангари Шоҳони Муъминободро пеш гирифтем.
Модари Саидшо — апаи Гулистон дар ҳавлиашон набудааст. Ба хонаи писари чорумаш Ҳусейн, ки дар поёни мактаби деҳа воқеъ аст, рафта будааст. Ҳамроҳи омӯзгори физика Қобил Ҳабибуллоев он ҷо раҳсипор шудем. Зани резаандоми кушодчеҳраи 79-80-сола пешвозамон баромад.
Апаи Гулистону шавҳараш аз мардуми Дарвозанд. Бо амри тақдир бо Назрӣ Саидов ном механизатор ба шавҳар баромаду муқими Лангаркалон гардид. Нахустфарзандашон Саидшо 1-уми октябри соли 1967 ба дунё омад. Баъд Амиршо, Сураё, Бӯстон, Саъдӣ, Ҳасану Ҳусейн, Гавҳарбӣ, Давроншо, Нуроншо, ки аз онҳо танҳо Саидшо имрӯз нест. Ӯ ба олами эҷод рағбат, шавқ, меҳри беандоза дошт. Ин меҳр ӯро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Хонд, соҳиби касби журналистӣ шуд. Ба Хонаи радио ба кор даромад. Ҷавони дидадаро, шӯху ҳозирҷавоб ки буд, ба дили ҳамкорону мусоҳибонаш роҳ ёфт. Ҳам барномасозӣ, эҷоди лавҳаю гузоришҳо мекарду ҳам наттоқию барандагӣ. Соли 1983 апаи Гулистону акаи Назрӣ писарашонро бо Садбарг ном духтар хонадор карданд. Аз соли 1984 то соли 1996 дар радио бенуқсон фаъолият намуд. Вале Тоҷикистон ноором буд. Зархаридони хориҷӣ зулму истибдодро аз фашистон ҳам гузарониданд. Ин ҳамаро Саидшо медиду ба қаҳру ғазаб меомад ва ба силоҳбадастон лаънатҳо мехонд. Ин ҷавонписари ғаюру ватандӯст ба комиссариати ҳарбӣ рафта, озими Тавилдара гашт. Пас аз як ҳафтаи тамрин, ки ӯ ҳамчун афсари алоқачӣ фаъолият дошт, 4-уми феврали соли 1996 барои озодкунии Тавилдара аз дасти наҳзатиҳои девсурати террорист бо чархбол ба ин мавзеъ парвоз карданд. Вале ба дасти каллабурҳои Мирзоҷага афтода, дар ҷояш парронда шуд. Ӯро бобои Ҳаким ном мӯйсафеди худотарс дар ҳавлиаш гӯронд.
Аз ин ҳодисаи мудҳиш падару модар, аҳли хона хабар ёфтанд ва хона мотамхона шуд. Дар ҳамон сардиҳои қаҳратун апаи Гулистон тани танҳо ба суроғи ҷигарбандаш ба Тавилдара рафт. 22 рӯз он ҷо монд. Гӯри писарашро ёфт ва бо дили афгору хазон, дидаҳои гирён ба Лангар омад. Оҳи сӯзони модар имрӯз низ идома дорад. Акаи Назрӣ дар ғами Саидшо бемор шуду ҳашт сол пеш вафот кард. Дарду ғам ба модару бародарону хоҳаракон монд.
Имрӯз апаи Гулистон ба 79 қадам мондааст, аз муттакояш янгаи Низорамоҳ Зарифова, ки ҳамсари тағояш Зуҳуршо Раҳматуллоев буд, низ ҷудо гардид. Ғами дилашро модари зор бо шеъргӯиҳо, рубоихониҳо барои Саидшои ғуррамарги 29-солааш тасалло медиҳад. Ҳар сол дар арафаи зодрӯзи Саидшо модар ба Хонаи радио мераваду бо ҳамкорону кормандони онҷо вомехӯраду аз писар қиссаҳо мегӯяд.
Аз байн сӣ сол сипарӣ мешавад. Дар ин миён танҳо як маротиба, дар ёдаш нест аз куҷо ба апаи Гулистон 1 кило равғану як халта орд оварда доданд. Дигар то имрӯз касе ин хонаводаро суроғ накардааст.
Хеле хуб мебуд, ки масъулин ёди чунин модарон мекарданд ва ёриашонро аз онҳо дареғ намедоштанд…
Аз Саидшо 4 нафар фарзанд ба ёдгор мондааст. Онҳо Улфатмо, Маликаю Мадина ва Юсуф буда, имрӯз соҳиби хонаву дари хешанд ва 7 нафар фарзандро ба мисли бобояшон дар руҳияи ватанхоҳию ватандӯстӣ тарбия доранд.
Агар имрӯз бобо зинда мешуд, аз баҳори 58-уми умраш гул мечид, аммо афсӯс, ки дар баҳори 29-уми умраш чун гули пажмурда гашт.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ