Сабаби садамаи Дамирбек Олимов тасдиқ шуд

Вазорати корҳои дохилӣ садамаи маргборро дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” шарҳ дод, ки дар пайи он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов даргузашт.

Манбаъ менависад, ки 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV» Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст.

Дар натиҷа, ронандаи мазкур, ҳунарманди шинохта Олимов Д. Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД дар бобати ҳамроҳони овозхон чизе нагуфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *