№22 ҳам дигар пул намегирад
Шурӯъ аз 3 октябри соли равон хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №22-и пойтахт (маҳаллаи Испечак — кӯчаи Гагарин) пурра тавассути корти электронӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин бора аз дафтари матбуотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мо хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе — автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ, дар айни замон ба воситаи корти ягонаи «Cityсard» ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом дар асоси татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ мешавад.
Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус барои донишҷӯён 30 фоиз, барои дигарон 15 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад.
Ҳамчунин меҳмонону сайёҳони хориҷӣ метавонанд аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ кортҳои кӯтоҳмуддати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ дастрас намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ