Қасд ба ҷони худ. Аз афзоиш то пешгирии ону хатари киббербулинг (аудио)

Вақтҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон худкушии одамон, махсусан миёни занон бештар ба назар мерасад. Омилҳои худкуширо ҳар гуна медонанд: нодорӣ, надоштани манзили зист, ҳолати равонӣ, муноқишаҳои оилавӣ, шиканҷа… 

Худкушӣ ва оқибатҳои он

Масалан, дар ҳудуди вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дастикам 147 ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шудааст. Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки аз 147 ҷинояти худкушӣ бештараш дар байни мардҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи нуҳмоҳа 77 нафар мард даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд, ки аз ин шумора 12 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ҳодисаи худкушӣ дар байни занҳо нисбат ба марҳо камтар қайд гардида, дар давраи ҳисоботӣ 70 нафар занҳо даст ба худкушӣ задаанд, ки 10 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд

Ба иттилои Акбар Шарифӣ, аз рӯи таҳлилҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (милитсия ва прокуратура), бештари маврид сокинон бо усули худовезӣ қасди ҷон кардаанд.

Дар давоми 9 моҳи соли равон 126 нафар бо роҳи худовезӣ риштаи умри худро кандаанд. Омори афроде, ки бо сабаби гирифторӣ ба бемории руҳӣ худкушӣ мекунанд, зиёд аст. Дар вилояти Суғд бо сабаби зикршуда дар давоми 9 моҳ 47 нафар худкушӣ кардаанд: 7 нафар бо усули заҳролудкунӣ, 6 нафар ғарқшавӣ, 5 ҳолат бо истифода аз олоти сард (бурандаю халанда), 1 ҳолати худсӯзӣ, 7 ҳолати аз муноқишаҳои оилавӣ, 2 ҳолат ҳар намуд, 4 ҳолат шароити иҷтимоӣ ва 48 ҳолат дигар сабабҳо…

Аз рӯи таҳлили масъулини ҳифзи ҳуқуқи вилоят, бештари ҳодисаҳои худкушӣ бо сабабҳои моҷарои оилавӣ, ҳолати ноустувории равонӣ ва тангии аз ҳад зиёди иқтисодӣ ба миён омада, нафароне, ки даст ба худкушӣ мезананд, роҳи халосӣ аз мушкилоти пешомадаро танҳо дар  канда кардани риштаи умри худ мебинанд.

Маъмулан, дар вилояти Суғд бо усули худовезӣ ва худро сарозер кардан аз баландӣ ва ғарқшавӣ даст ба чунин ҷиноят мезананд. Масалан, чанде пеш нафаре аз болои пули дарёи Сир худро ба об партофт. Хушбахтона, кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд занро саривақт наҷот доданд. Аммо саломатии зан баъди сӯиқасд ба ҷони худ хуб нест.

Ислом худкуштагонро дӯзахӣ унвон мекунад

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, руҳонии маъруфи шимоли Тоҷикистон таъкид менамояд, ки худкушӣ дар ҷамъияте доман густурдааст, ки беш аз 99 фисади онро пайравони дини мубини Ислом, яъне мусалмонон ташкил медиҳанд. Тибқи гуфтаи ин руҳонӣ, дини Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва шахси ба ин амал дастзада мутобиқи аҳкоми шариати поки Ислом гунаҳкор ҳисобида мешавад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, руҳонии маъруф

— Яке аз сабабҳои худкушӣ сатҳи пасти саводи динии мардум ва ноогоҳии ҷомеа аз асолати дини мубини Ислом мебошад. Дар дини Ислом ҳатто худкуштаро ҷаноза ҷоиз нест. Соҳиби ҷон Худованд аст. Аз ин рӯ, тибқи Қуръону аҳодис ва дигар санадҳои шариат касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, ҷояш дӯзах аст,- гуфт Мӯсозода.

Ҷомеашиносон сабаби ба буҳрони психологӣ гирифтор шудани нафарони худкушро дар кам будани равоншиносони касбӣ медонанд. Ба ақидаи онҳо, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ бояд омӯзиши фанни психология пурзӯртар ва дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Ин амалҳо метавонанд сатҳи худкуширо коҳиш диҳанд. Ҳамчунин, на танҳо бо кӯдакону наврасон, балки пеш аз ҳама бо волидони онҳо бояд корбарӣ кард. Зеро баъзе волидон то ҳол шеваи дурусти муносибат бо фарзанди худро намедонанд ва дар тарбияву рушди равонии онҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.

Аз киббербулинг то хатари он

Рушди технологияи рақамӣ ва ба майдон омадани шабакаҳои иҷтимоӣ хуб аст. Аммо истифодаи дурусти он аз шахс маҳорат ва саводи расонаиро талаб менамояд. Ҳар касе аз дастовардҳои технологӣ самарабахш истифода мекунад, пеш хоҳад рафт. Вале шабакаҳои интернетӣ дар баробари имкониятҳо, хатар низ доранд. Ҳолодар шабакаҳои интернетӣ кибербуллинг ном мафҳум бештар рӯ задааст. Кибербуллинг чист? Аз нигоҳи мутахассисон, кибербуллинг тарсонидан ва озору азият додан бо истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Ин озору азият метавонад тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар замимаҳо барои табодули паёмҳо сурат бигирад. Мақсад аз кибербуллинг тарсонидан, асабӣ кардан ва ё шарманда намудани касоне аст, ки таъқиб мешаванд. Маъмулан, кибербуллерҳо ё касоне, ки ба озору азият машғул мешаванд, ба шахсони қурбонӣ интихобшуда паёмҳои таҳдидомез мефиристанд, ё аксҳоеро, ки шаъну шарафи таҳқиршавандаро паст мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Ҳамчунин, аз номи ин қурбониҳо саҳифаҳои фейк (дурӯғин) сохта, дар онҳо маълумотеро ҷой медиҳанд, ки обрӯи таҳқиршаванда ва ё таъқибшавандаро паст мезанад. Кибербуллинг метавонад ба паёмадҳои фоҷиабор сабаб шавад. Аз ҷумла, ба худкушии шахс оварда расонад. Ба андешаи мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Рустам Маҷидов, агар мо тарсем, ки як ҷавон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо “шахсони нодуруст” шинос мешавад, ё “ба роҳи каҷ” меравад, бояд чӣ будани дурусту нодурустро ба ӯ фаҳмонем, аммо пеш аз он бояд худамон инро фаҳмем.

Номбурда меафзояд, ки мо аз манъ карданҳо ба ҷое намерасем, аз ин рӯ, ба ивази ҷазою танбеҳ, бояд телефону компютерро дар дарсҳо истифода кунем, кӯдакону ҷавонон имконоти фанновариҳои иттилоотиро дар амал бинанд ва ба ҷои беҳуда сарф кардани вақт дар бозиҳои компютерию “Одноклассники” ё “Инстаграм” онро ба омӯзишу рушди шахсии хеш сарф кунанд.

Ҳатто кибертаҳқир метавонад ҳам ба калонсолон ва ҳам наврасон таъсир расонад, аммо кӯдакон зери хатари махсус қарор доранд. Оқибатҳои равонии кибертаҷовузи наврасон метавонанд гуногун бошанд: аз ҳолати афсурдагӣ то ҳамлаҳои воҳима, афзоиши изтироб ва осеби ҷиддии эмотсионалӣ.

Барои муҳофизат кардани фарзанди худ аз таҷовузи интернетӣ, бояд бо ӯ пайваста суҳбат кунед. Агар огоҳ шудед, ки фарзандатон қурбонии кибертаҷовуз шудааст, бо ӯ суҳбат кунед ва ба мушкилоташ расидагӣ намоед. Барои мубодилаи таҷриба шароит муҳайё созед. Агар вазъият хеле дур рафта бошад, пас шумо бояд ба маъмурияти мактаб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунед.

Хулоса, кибертаҳқир падидаи хатарнок аст, ки метавонад ба худкушӣ низ оварда расонад. Ва калонсолон бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Ба андешаи коршинос Фирӯза Мирзоева, волидайн дар навбати худ бояд такягоҳу муҳофизи кӯдакони худ шаванд. Ҳамзамон, кӯдак бояд бовар дошта бошад, ки волидайн барои ҳифзи онҳо ҳама корро мекунанд, ки аз озору азият ҳимоя намоянд. Аз ҷониби дигар, волидайн баъди ҷамъ овардани далелҳо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, то таъқиби фарзандашон дар Интернет ё ягон шабакаи иҷтимоӣ қатъ шавад.

Ба кӣ бояд эътимод кард: мулло ё равоншинос?

Равоншинос Меҳрубони Роҳил оид ба афзоиши худкушӣ дар минтақа чунин андеша дорад, ки “дар ҷомеаи Тоҷикистон нарасидани  психологҳои касбӣ яке аз мушкилоти ҳар лаҳза эҳсосшаванда аст”.

— Имрӯз дар Аврупо на фақат дар беморхонаҳо равоншиносон фаъолият мекунанд, балки ҳар як оила дорои як нафар равоншиноси худ аст. Онҳо дар ҳар афту хези зиндагиашон бо равоншиноси оилавиашон маслиҳат карда, дар вазъияти инқирози фикриашон ба мисли як муллое, ки мо имрӯз эътимод мекунем, ҳамин гуна ба психологҳо эътимод меварзанд. Маҳз вуҷуд доштани чунин омил мардуми Аврупоро ба зиндагӣ дилгарм ва дар корҳои ободониву истеҳсолӣ ва рушди иқтисодӣ хеле пешрафта намудааст,- мегӯяд ӯ.

— Дар ҷомеаи мо низ равоншиносон бояд зиёд бошанд, вале, мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон факултаи махсуси психологӣ вуҷуд надорад,- меафзояд ӯ.

Сарнавишти инсон ва идора кардани идрок ҳам дар дасти худи ӯст. Ҷомеа ҳам ҳангоми даст ба худкушӣ задани инсонҳо ва пеш омадани хатарҳои интернетӣ набояд бетараф бошанд. Вагарна, он ҳамчун як бемории сироятӣ авҷ мегирад.

Фарзона МУРОДӢ,

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *