Модари Акбар

Қосим Роҳбар ба аёдати модари Акбари Саттор рафт

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар модари рӯзноманигори зиндаёд, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор — Раъно Саттороваро аёдат намуд.

Ин дидори раиси шаҳри Ҳисор дар пешорӯи Рӯзи модарон сурат гирифтааст.

Раъно Сатторова 87 дошта дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон зиндагӣ дорад. Ӯ  дар тӯли умри бобаракат 12 нафар фарзандро ба камол расонидааст. Ҳамаи фарзандон бо ҳидояти модар соҳиби касбу мартаба буда, Акбари Саттор — собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар рушди матбуоти тоҷик ҷойгаҳи махсус дорад.

Ҳамчунин, раиси шаҳр дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод собиқадори хизмати давлатӣ Зулфия Қурбоноваро аёдат карда, бо рӯзгораш ошноӣ пайдо намудааст.

Дар деҳаи Ҳоҷисиддиқи ҷамоати деҳоти Дурбат бошад, Қосими Роҳбар Моҳистон Мусофироваро аёдат намуд. Ӯ дар рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳм гузошта, ҳамзамон фарзандони солеҳу содиқро ба камол расонидааст.

Тавре ки мақомоти шаҳри Ҳисор иттилоъ додааст, Қосим Роҳбар ин модаронро аз номи Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи модарон табрику гуфта, ҳастии онҳоро барои роҳнамоӣ ба роҳи дуруст бузург номидаст. Инчунин,  барои тарбияи фарзандон изҳори сипос намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *