Ҳақназар Ғоиб

Ҳақназар Ғоиб: Масъулияти шоир бузург аст!

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд. Барои табрики эшон ба деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб рафтем. Чун фурсат даст дод, бо шоир суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.  

— Устод, 80-солагии мавлуд муборак!

— Ташаккур. Худованд шуморо низ ба ин синну сол расонад.

— Чӣ эҳсос доред?

Пирӣ бирасиду дард гул кард,

Сад боғ ба ранги зард гул кард.

— Бо маҳорати баланд дутору думбра менавозед. Ин ҳунарро аз куҷо омӯхтед?

— Падарам санъатро дӯст медошт ва ҳангоми бекорӣ дутору най менавохт. Ман ин ҳунарро аз падар омӯхтам. Чун яккаписар будам, намегузошт, ки най навозам. Мегуфт: ”Нафасат намерасад, бемор мешавӣ”. Вале ин ҳунарро низ омӯхтам. Вақте дар синфи 4-5 мехондам, аллакай навозандаи хуб шуда будам. Ҳатто дар тӯю маъракаҳо ширкат мекардам.

— Яъне яккаписари эрка будед?

— Бале. Зеро аз миёни 7 фарзанди падару модар ягона ман зинда мондам. Албатта, нозгунҷ будам. Падарам то зинда буданаш бароям сипар буд. Вақте мактаби миёнаро хатм карда, ба Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ҳуҷҷат супоридам, маро қабул накарданд. Зеро  пахта чида наметавонистам. Падарам чун огаҳ шуд, ба назди ректор Неъматови бухороӣ рафт ва чӣ гуфту нагуфт, ки маро қабул карданд.  Воқеан, дар якумкурсӣ, вақте пахтачинӣ рафтем, зуд бемор шудам. Баъди табобат ба кружоки ҳаваскорӣ пайваста, барои пахтачинҳо навозандагӣ мекардам. Ба Институти педагогии Кӯлоб низ бо дахолати атам дохил шудам. Ӯ инсони фарзона ва хеле бузург буд. Руҳаш шод бод!

— Чӣ сабаб шуд, ки яккаписари эрка ба адабиёт ва шеъру шоирӣ дил баст?

— Муҳити оила. Амакам Сафол ном дошт ва “Шоҳнома”-и насриро азёд медонист. Вақте ӯ нақл мекард, мардуми деҳа то рӯз гӯш мекарданд. Қиссаҳои қаҳрамониро низ бо маҳорати том мегуфт. Ҳамсари тағоям Ҳарамгул чунон афсонагӯӣ мекард, ки то ҳол шеваи гуфтори ӯ дар ёди ман ҳаст. Ин муҳит ба ман бетаъсир буда наметавонист. Ман ҳам мехостам чизе бигӯям. Бинобар ин, ба таври худам шеър мегуфтам. Баъзан қиссаҳоро ба шакли достонҳои гурӯғлӣ мебофтам. Вале дар бораи шуҳрати шоирӣ орзу надоштам. Вақте дар курси 2 мехондам, аввалин шеърамро худораҳматӣ Мастон Шералӣ дар “Маориф ва маданият” нашр кард. Шеър “Дил аз паси ту, ман аз паси дил” ном дошт:

Бигзашт басе баҳор аз умр,

Рӯйид басе зи хок ҳосил,

Аммо аҷаб аст ин ки то ҳол

Дил аз паси ту, ман аз паси дил.

Ва як мактуб навиштанд: “Шеърнависиро давом деҳ!”.

Ин ба ман такон дод.

— Ҷое гуфтед, ки нақши Аминҷон Шукуҳӣ дар роҳи эҷодатон муҳим буд?

— Бале. Дар Институт ҷавонони зиёд машқи шеър доштанд ва худро ҳамчун шоир муаррифӣ мекарданд. Ман ҳам шеъргунаҳо менавиштам, вале даъво надоштам. Муаллимамон Соат Чалишов мухлиси эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода буданд ва тасаввур намекарданд, ки дар баробари Турсунзода шоире пайдо шавад, бинобар ин, ба мо беэътибор буданд. Ҳамин гуруҳи ҷавонон ба Иттифоқи нависандагон мактуб менависанд, ки мо шеър менависем, вале касе таваҷҷуҳ намекунад. Бо супориши устод Мирзо Турсунзода Аминҷон Шукуҳӣ ба Институти педагогии Кӯлоб омаданд, то ки бо эҷодиёти шоирони ҷавон ошно шаванд. Ректори донишгоҳ Тоҳир Умаров дафтари шеъри маро низ ба устод Шукуҳӣ пешниҳод мекунад. Эшон ба ман таваҷҷуҳи хоса карданд ва дар маҳфиле, ки дар назди меҳнаткашони Кӯлоб барпо шуд, маро шоир муаррифӣ карда, ба ман навбат доданд, ки шеър хонам. Ва ҳамин гуна ҳамчун шоир муаррифӣ шудам. Нахустин китобам таҳти унвони “Тӯшаи роҳ” бо сарсухани устод Боқӣ Раҳимзода нашр шуд.  

— Як умр дар Кӯлоб зиндагӣ кардед. Чаро ба Душанбе нарафтед?

— Ман ягона фарзанди падару модарам будам. Ва чунин имкон надоштам. Соли 1971 вақте дар Кӯлоб бекор мондам, аниқтараш аз кор ронда шудам ва ҳама дарҳо ба рӯям баста шуд, бо даъвати Бӯринисо Бердиева дар “Маориф ва маданият” ба кор пардохтам. Вале боз баргшатам ва як умр ин ҷо мондам. Ва гумон мекунам иштибоҳ накардам. 

— Бале, зеро аксарият будани шуморо дар минтақа дар замони ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ кардаанд. Аз он солҳо чӣ хотирот доред?    

— Истиқлол туҳфаи таърих буд ва онро дар оғоз миллати мо нашинохт. Чун мардуми мо ба зиндагии осоиштаи шӯравӣ одат карда буд, ба гирудорҳои сиёсӣ омода набуд. Ҳамин аст, ки ҷанг сар шуд. Вале миллати мо хушбахт будааст, ки ба Ваҳдат расид. Ва Ваҳдат ба шарофати Пешвои миллат ба даст омад. Дар оғози солҳои 90-ум ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» кор мекардам. Суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки роҳбарии Комиҷроияи собиқ вилояти Кӯлобро бар дӯш доштанд, дар рӯзнома чоп намуда, чанд нусха аз онро як рӯз қабл аз иҷлосия ба шаҳри Хуҷанд бурдам. Пеш аз барпо шудани анҷумани тақдирсоз тавассути телевизиони Хуҷанд баромад карда, мардумро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ дар роҳи ватансозию ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳукумати конститутсионӣ даъват намудем. Замоне буд, ки фикру ақидаҳо мухталиф буданд. Аз ҷумла, гуфтем, ки нафароне ҳастанд, ки пушти саҳна истода, моро ҷанг меандозанд ва нобуд карданианд. Агар чунин ҳартарафкашӣ, носозгории байни худӣ давом ёбад, оқибаташ ба бадбахтии азим бурда мерасонад.

Иҷлосия барпо шуд. Раҳмон Набиев бо хоҳиши худ аз мансаби президентӣ истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Ҳар нафаре, ки дар дил меҳри Ватану ободию сарҷамъии миллатро дошт, Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ намуд, зеро аллакай возеҳ буд, ки ӯ ҷавонмарди асил аст ва сулҳи ваъдакардаашро ба Тоҷикистон меорад.

Як сол баъд аз гузашти иҷлосия бо супориши Сарвари давлат моро ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Нахуст бо Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрдем. Сипас, Президенти кишвар моро пазируфтанд, дастур доданд, ки мардумро ба муттаҳидию ватандӯстдорӣ даъват кунем. Ҳамроҳи дигар намояндагони расмӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои вохӯрӣ бо сокинон сафарбар шудем. Вазъияти мамлакат ва хавфи аз байн рафтани кишвару миллатро ба онҳо тавзеҳ додем. Аксарият тарафдорӣ намуданд. Гузашта аз ин, буданд нафароне, ки ба андешаю ақидаҳои мо мухолиф баромада, садо баланд карданд. Онҳоро бо нармию хушмуомилагӣ ором кардем. Хушбахтона, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ буд, ки тамоми мушкилотро пушти сар кардем. Имрӯз қиёс кунед Тоҷикистонро ба 30 сол қабл. Сатҳу сифати зиндагии мардум чанд карат боло рафтааст, парчами сулҳу субот парафшон аст. Тинҷию осудагӣ ва баробарҳуқуқӣ ҳукмфармост.  

— Шоир. Яъне кӣ? Шоирӣ. Яъне чӣ?

— Масъулияти шоирӣ бисёр вазнин аст. Ба осонӣ ба қуллаи мақсуд расидан мушкил аст. Ҳозир ҳам агар худамро дар ягон ҷо шоир гӯям ва агар маро шоир гуфта муаррифӣ кунанд, хиҷолат мекашам. Зеро дар қатори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бедил, Иқбол… худро шоир гуфтан душор аст.  

Мусоҳиб: О. НОЗИР

МАЪЛУМОТНОМА

Ҳақназар Ғоиб, шоир ва журналист. 7-уми январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966) як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 машғули рӯзноманигорист. Корманди Кумитаи иттифоқи касаба, мухбири рӯзномаи “Маориф ва маданият”, сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993) будааст. Аз соли 2002 бахши вилояти Хатлони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад. Бештар аз 50 сол аст, ки машғули фаъолияти босамари эҷодӣ буда, наздики 30 маҷмӯаи ашъор ба чоп расонидааст.  

Аз ҷумла: «Тӯшаи роҳ» (1972), «Рамзи ҳаёт» (1976), «Нигоҳи гарм» (1981), «Эҳёнома» (1991), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Дардномае ба миллат» (1996), «Сурӯши Хатлон» (1998), «Ашки Офтоб» (1999), «Таронаҳои маҳтобӣ» (2001), «Аз қафои шишаи борон» (2002), «Хаймаи нур» (2004), «Зинда бо гудозишҳо» (2004), «Сарнавишт» (2005), «Муждаҳои ориёӣ» (2013) ва ғ.

Силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» ва ғ. дар эҷодиёти шоир мақоми хосае доранд. Достони «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» андешаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ирфонии шоирро пешниҳоди умум доштааст.  

Бо Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989), Шоири халқии Тоҷикистон (1996); Ордени «Шараф» (1999); Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000); Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013) шарафёб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *