Ҷӯрабек МУРОДОВ, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ

Зиндагинома. Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруд, ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Падари Ҷӯрабек Муродов — Ғолибеков Муродбек (тав. 1904). Модар — Фатҳулоева Бибиоиша (тав. 1900). Ҳамсар — Исмоилова Мушарафа Абдуғафаровна (тав. 20-уми феврали соли 1947). Фарзандон: Писарон Фирдавсбек (тав. 23.09.1966), Хусравбек (тав. 11-уми январи соли 1973), Парвизбек (тав. 31.07.1977), Ҷонибек (тав. 29.05.1986).

Фаъолияти корӣ. Солҳои 1962-1963 баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоӣ дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод кор кардааст.

Солҳои 1963-1992 — сароянда, роҳбари дастаи бадеӣ, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Аз соли 1992 сарояндаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ, сипас роҳбари бадеии ансамбли Шашмақоми назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, профессори Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз соли 1994).

Аз соли 2006 ба ҳайси сарояндаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ кор карда истодааст.

Эҷодиёт. Дар тӯли фаъолияти овозхониаш зиёда аз 2000 суруд сароидааст, аз ҷумла оҳангҳои 450-тоаш эҷоди Ҷӯрабек Муродов аст. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон, Домулло Ҳалим, устод Шодӣ, Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шуҳратёрии ӯ дар ҷодаи санъат. Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чунин хабар дода буд: «Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст… Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки… шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».

Асарҳо. Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ — «Умри ҷовидонаи ҳунарманд» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии Домулло Ҳалим), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд.

Қадрдонӣ. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1979), Мукофоти Ленинии комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1975), Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1987), Ордени «Нишони ифтихор» (1980), Ордени «Шуҳрат» (Тоҷикистон), медали «Барои фаъолияти ҷасурона. Дар ҷашнгирии 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин», Медали тиллои иттиҳодияи консертии Ҷопон «Мин-он» (1987), Грамотаи ифтихории Президиуми Шӯрои олии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.Сурудҳо. «Зулайхо», «Забони най», «Ватан», «Валси Ҷӯрабек», «Санам», «Сафар кардам», «Рӯзи навмедӣ», «Падарҷонам», «Падар», «Номӣ бувад», «Муноҷот»,    «Мо дар ду ҷаҳон», «Меҳри модар», «Қадршиносӣ», «Гузашти рӯзгор», «Гиря», «Ғалат», «Дили модар», «Дар як ҷо», «Дарди миллат», «Бонги ҷашни тоҷикон», «Бедор кун падарама», «Шири Модар» ва ғ. Ҷӯрабек Муродов ҳамроҳ бо писараш Ҷонибек Муродов якчанд сурудҳои нав сабт намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *