Ҷинояткори авфшуда боз кордзанӣ кард

Як марди 35-солаи ноҳияи Зафаробод, ки пештар низ доғи судди дошт, марди 28-солаи ҳамин ноҳияро бо корд сахт захми намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.  

Гуфта мешавад, ки марди 35-сола санаи 18-уми феврали соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 2-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбари ҳодиса, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод, ки пеш бо моддаи 216 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *