Ҷуворимакка. Аз пешгирии бемории дил то табобати кирми рӯда

Айни замон мавсими ҷуворимакка аст. Бархе ҷуворимаккаи ҷӯшонидашударо аз бозору растаҳо харида истеъмол мекунанд, бархе худ ба парвариши ин зироат машғул буда, ба ғунучини ҳосили он машғуланд. Ҷуворимакка ба саломатии инсон фоидаи зиёде дорад, ки дар ин матлаб мо ба шумо маълумот медиҳем.

Кони витаминҳо

Ҷуворимакка на танҳо хӯроки лазиз, балки як растании универсалӣ барои саломатӣ мебошад.
Дар таркиби ҷуворимакка бисёр витаминҳо ва унсурҳои муфид ҳаст, ки барои организми инсон фоида доранд. Онҳо: клетчатка, равған ва равғани эфир, витаминҳои А, РР, Е ва В, магний, калтсий, оҳан, фосфор, руҳ ва крахмал.
Ҷуворимаккаро мунтазам истеъмол кунед, иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза мекунад, миқдори холестерин паст шуда, бемории дил пешгирӣ карда мешавад. Аз сабаби хосиятҳои диуретикӣ, он дар гипертония ва варамҳо самаранок аст. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар мекунад, метаболизмро суръат мебахшад ва бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Ба аллергия моил ва барои одамони гирифтори диабет бехатар аст.
Ба бемориҳои асаб — депрессия, стресс, ҳатто, эпилепсия аз пӯпаки ҷуворимакка нӯшоба тайёр карда диҳанд, фоида мебахшад. Моддаи селен, ки дар таркиби ҷуворимакка мавҷуд аст, раванди пиршавиро суст карда, саратонро пешгирӣ мекунад.
Агар шумо пӯсти равғанӣ дошта бошед, ду қошуқ орди ҷуворимакка ва сафедии як тухмро омехта кунед ва ниқоб созед. Ниқобро ба рӯй молед ва баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Хусусиятҳои табобатии кокули ҷуворимакка

Кокули ҷуворимакка ҳам хусусияти табобатӣ дорад. Дар тиби қадим онро барои табобати сурфа, ихтилоли ҳайз, кирми рӯда ва зардпарвин истифода мебурданд.

Тухми кокули ҷуворимакка барои табобати бемориҳои пӯст, омосҳо, варамҳо ва варами бачадон истифода мешавад. Миқдори онро ба ҷойи омос ё варам мемолед, то аз беморӣ раҳоӣ ёбед.
Реша ба пӯст барои табобати шикастани ногаҳонии пӯст, ки дар натиҷаи сирояти вирусӣ ё бактериявӣ (экзантемата) ва бавосир ба амал омадааст, пошида мешавад.

Чой аз кокули ҷуворимакка низ барои бемориҳои гурда, тоза кардани ҷигар ва бемории рӯдаҳо истифода мешавад.

Таъкид: Вале дар хотир доред, ки маҳсулоти табиӣ на ҳамеша ҳатман бехатаранд. Бинобар ин, риояи андозаи истеъмоли онҳо муҳим аст. Дар истеъмоли кокули ҷуворимакка низ эҳтиёткор бошед ва онро зиёд нанӯшед, ки ба дарунравӣ оварда мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *