Ўзбекистон ғолиби мусобиқаи байни духтарони то 15-сола шуд

Дар шаҳри Ҳисор Чемпионати сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони занонаи то 15-сола ба анҷом расид. Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муборизаи баробар аз тими Эрон бо ҳисоби ҳадди ақали 0:1 шикаст хўрд.

Ба ин тартиб, тимҳои наврасони Ӯзбекистон ва Эрон чоримтиёзӣ ба даст оварданд, вале футболбозони ўзбек ба далели беҳтар будани фарқи тўбҳо аз ҳамсолони эронии худ пеш гузаштанд. Тоҷикистон ҷойи сеюмро гирифт.

Дар тўли солҳо дастаҳои Ӯзбекистон (2017, Ҳисор) ва Эрон (2019, Тошканд) барандаи чемпионати CAFA байни дастаҳои наврасони то 15-сола шуданд. Дар ин мусобиқа ҷоизаи “Fair Play” насиби тими миллии Тоҷикистон ва ҷоизаи вижа ба дастаи мунтахаби Эрон дода шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа ҳамлагари тими миллии Ӯзбекистон Меҳрибон Эгамбердиева (4 гол) дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *