Ғӯлингу курпача — инноватсияи Тоҷикистон дар “ЭКСПО-2020”

Киштӯдӣ ба Дубай барои тамошои “ЭКСПО-2020” рафт. Гумон дошт, ки аз ҳавопаймо фаромадан замон, савори уштур мешаваду шири шутурхӯре сад бор саҷда ба замин карда, ӯро ба манзил мерасонад. Аммо баробари пой бар ин сарзамин гузоштан, чашм аз косахонаи сараш баромад. “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакар пеши ин шаҳри афсонавӣ об хӯрад. Дар дохили фурудгоҳ Киштӯдӣ роҳ намерафт, роҳ ӯро мебурд. “Худоё, ҷаннаташ ҳамин бошад!?”,- гуфт дар дил. Аммо ин гумон луқмаи шайтон гуфта, “Астағфуриллоҳ”-ро пайи ҳам ба забон овард.

“Ба пурсидан Маккаро ёфтаанд” мегӯянд. Ӯ аз ину аз он роҳи “ЭКСПО” мепурсид. Як вақт ба хотири гӯрсӯхтааш расид, ки имрӯз ҷумъа аст. Ҷумъа дар давлати исломӣ рӯзи истироҳат. Мардуми араб дар ин рӯз ба ғайр аз намозу тавба ба кори дигаре даст намезананд.

Дар паҳлуяш як марди хушриши дар тан куртаи сафеди дароз қадам мезад. Аз ӯ бо забони махлути арабию тоҷикӣ пурсид:

— “ЭКСПО” рӯзи ҷумъа кор мекунад?

Он марди араб ба ҳайрат омад ва ба Киштӯдӣ чун хирси аз хоби гарон бедоршуда назар андохт.

— Эй марди ришу фаши салла ба ҷои калла, аз куҷоӣ, ки аз дунё бехабарӣ!? Мо арабҳо ҳамқадами қарни 21 ҳастем, на оне, ки ҳазор сол қабл будем. Рӯзи ҷумъа дар Дубай рӯзи корист, рӯзҳои истироҳат шанбею якшанбе, чун дар Лондону Парижу Ню Йорк.

Киштӯдӣ хост гӯяд, ки чун дар Душанбе, вале сухан дар гулӯяш чун устухон банд монд. Дилаш пур аз фараҳ шуд, ки ҳоло рост ба намоишгоҳ меравад, як рӯзаш сарфа мешавад.

Киштӯдиро як хайрхоҳи аврупоӣ ба метрои бесарнишин савор кард ва гуфт, ки истгоҳи охир “ЭКСПО” аст. Қудрати Худоро бинед, ки қатораҳои метро сарнишин надоштанд, Худо худаш мебурду меовард. Ё наъузамбиллоҳ. Киштӯдӣ фикр кард, ки рӯзҳои охири намоиш аст, чун анъана рӯзҳои охир маҳсулоти дар намоиш гузоштаро мефурӯшанд. Ана пӯшокворӣ мехараду хӯрокворӣ ва ҷомадонҳояшро пур мекунад.

Дохили “ЭКСПО” шуд. Замин кафида, одам баромада буд. Гуфт, ки биё аз намоишгоҳи кишвари хонаи худо —  Арабистони Саудӣ сар кунам, ҷойнамозу тасбеҳҳои хуб доранд, дар Тоҷикистон аз сағир то вазир ҳама, алҳамдулиллоҳ, рӯзадору намозхонанд, аз туҳфаам шод мешаванд. Киштӯдӣ чун замони Шӯравӣ дар мағозаи хӯрокворӣ ним рӯз навбат поид ва вориди ғурфаи саудиҳо шуд. Аввал гумон кард, ки ҳамин мардуми араб девона шудаанд. Як чизҳое намоиш медиҳанд, ки ақли шайтон намегирад. На китоби муқаддас ҳаст, на тасбеҳ, на ҷойнамоз. Садоҳои мистикие аз аҳромҳо баромада, ба кайҳон мечаспанд, бедуинҳои побараҳнаи дасторбасар дар либоси кайҳонӣ ситораҳоро ба ҳам меоранд. “Ин кори шайтон”,- дар дил гумон мекунад Киштӯдӣ,- ақли ин саудиҳо намерасад, ки макети Қаъбаро дар мобайн гузоранд, ки мардум тавоф кунанд”. Зуд аз он ҷо берун шуд. Хайр, ақли саудиҳо нарасид, ба намоишгоҳи мисриҳою қатариҳою туркҳо медароям. Он ҷо тасбеҳу ҷойнамоз лаб задагист. Он ҷойҳоро ҳам аз он чӣ меҷуст, холӣ ёфт. Ҳама ҷо аз 3d, 4d, 5d…, аз навовариҳои технологӣ — инноватсия гап мезаданд. Дили Киштӯдӣ таҳ кашид, фикр кард, ки ба ЭКСПО не, ҷои дигар афтод. Чашмашро чанд бор кушода пӯшид. Ҳама ҷо навиштаҷоти ЭКСПО-2020.

Киштӯдӣ майда-майда ба намоишгоҳи амрикоиҳо рафт. Дохили он пой монду дар ҷояш шах шуд. Қудрати Худоро бинед, ки замину осмон ҳаракат мекунаду ту дар ҷоят истодаӣ. Намоишгоҳи Ҷопон рафт. Ҳар чӣ медид, хобу хаёл буд. Русҳо, қазоқҳо, туркманҳо, ӯзбекҳо аз онҳо қафо набуданд. 

Киштӯдӣ аз дур навиштаҷоти “Тоҷикистон”-ро дид. Дилаш аз шодӣ гум зад. Бардам-бардам қадам монда, вориди намоишгоҳи Тоҷикистон шуд. Ана, ина намоишгоҳ мегӯянд. Ғӯлинг, чормағз, мавиз, хӯсаи бузи куҳӣ, кати тоҷикӣ бо курпачаи чор кас медидагӣ, дастархони ороста, чойнаки чой, қандашона зананд, аз сангу кулӯх шаршара сохта, ба Дубай бурданро ҳам фаромӯш накардаанд. Куртаи чакану атлас зеби намоишгоҳ. Болои кат чор арабро шинону духтари тоҷикро чакану атлас пӯшону ба рақс дарор. Ана ин намоиши ҳақиқӣ. Ҳазор сол гузашта бошад ҳам, тоҷик гузаштаи худро фаромӯш намекунад. Чаро савори киштии кайҳонӣ шавад? Замоне харсавор як рӯз не, як рӯз ба манзил мерасад.

Киштӯдӣ дар ғурфаи танг пасу пеш қадам заду тоқат накард. Ба як масъул наздик омаду пурсид:

— Ака, як чиз пурсам, хафа намешавӣ?

Масъул, ки бачаи ҷавон ва шояд шӯх ҳам буд, “пурсидан айб надорад” гуфт.

— Дар ЭКСПО ҳама зери шиори “Ақлҳоро ба ҳам меорему фардоро бунёд мекунем” технологияи инноватсиониро ба намоиш гузоштаанд. Мо чормағзу ғӯлину мавиз… овардаем. Шояд онҳо намефаҳманд, ки бе ин ғизоҳо ақлҳо ба ҳам намеоянд…

— Шумо аҳли фаҳм будаед. Баъзеҳо меоянду бо тамасхур мераванд. Мақсади мо намоиши оби тоза аст. Барои ҳамин оби тозаи “Сиёма” овардем, шаршара сохтем, сурат гузоштем…

Киштӯдии пуртоқат ин ҳамаро гӯш кард ва дар охир тоқат накарду пурсид:

— Ин ҳама ба инноватсия чӣ алоқа дорад?

Масъул каме дар ғазаб шуду гуфт:

— Хайр, ғалат кардем, хайр ,моҳияти ЭКСПО-ро нафаҳмидем. Кӣ ғалат накардааст? ЭКСПО-и дигар ислоҳ мекунем.

Киштӯдӣ аз намоишгоҳ берун омаду савори қатораи бесарнишин шуд. Курсиҳои нарму пок ва фазои ороми дохили он боли шикастаи хаёли ӯро ба парвоз овард. Магар “Роғун” сохтмони инноватсионӣ нест? Магар аз қатраҳои оби пиряхҳо бунёд гаштани рӯди Сиёма, бо технологияи муосир ба зарҳо банду баст гаштани он, чун оби ҳаёт ба ташналабони биёбонҳои Араб ҷони дубора бахшидани “Сиёма” инноватсия нест? Ин ҳамаро дар ЭКСПО 11 000 000 тамошобин дидаву ҳаваси оби Тоҷикистон мекарданд. Аммо кату кӯрпачаи моро дида, чӣ мегуфта бошанд?

КИШТӮДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *