Ғанӣ дар интихобот пирӯз шуд, Абдулло норозӣ

Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Президенти феълии ин кишвар бо 50.64 дарсади овозҳо пирӯз шуд.

Кумиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 22 декабр эълон кард, ки Доктор Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати Афғонистон ва рақиби аслии Ашраф Ғанӣ дар интихобот ҳудуди 40 дарсади овозҳоро ба даст оварда ва мақоми дуюмро касб кардааст.

Дар зинаҳои баъдӣ Гулбиддин Ҳикматёр ва Раҳматуллоҳ Набил, номзадҳои дигари интихоботи президентӣ ҷой гирифтаанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар истиқбол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Доктор Абдулло рӯзи 22 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, ки “ба ҳеч ваҷҳ натоиҷи муқаддамотии интихобот қобили қабул нест”. Вай  хостори расидагӣ ба мавориди “тақаллуб дар интихобот” шудааст.

Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28 сентябри имсол баргузор шуд ва дар он 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои асосӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *