Ғарқи 52 нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон дар 5 моҳ
То 3 июни соли равон 52 нафар дар каналу дарёҳои кишвар ғарқ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 21 нафарашон то 17-сола мебошанд.
Ҳамчунин, наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияи Ёвон 2 июн ҷасади тифли ғарқшударо пайдо карданд. Ӯ 10 – сола ва сокини ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон аст, ки 1 июн тахминан соати 13:30 дақиқа дар канали байни деҳаи маҳаллӣ ғарқ шудааст.
Ғаввосони КҲФ ҷасади писарбачаро дар 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва берун оварданд. Ҷасад ба наздиконаш супурида шуд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ