Ғазаб. Оё мо қудрати фурӯ нишондани онро дорем?

“Вақте ба ғазаб меоӣ, барои худ он чиро муҳим шумор, ки бояд ғазабро фурў нишонӣ”.

Унсурулмаолии Кайковус

Ман наметавонам ин панди дилписандро нодида бигирам, ҷаноби Хоҷаев. Аммо қоил мешавам, ки ҳам наметавонам дар пайи иҷрои он пурра саҳим бошам. Зеро қудратам намерасад. Дақиқ, намерасад! Ту биё, бигў, ки метавонӣ ҳамеша ва мудаввом ғазабатро фурў нишонӣ!? Неъ, наметавонӣ! Ҳаргиз! Чаро? Зеро, тору пуди инсон чунон сиришта шудааст, ки пас аз чанд бор такрор шудани як ҳодиса ҳатман тоқаташ тоқ мешавад. Пас, чӣ кор бояд кард? Бояд тарзе аз ғазаб канора ҷуст, ки ҷониби мухотаб аз истиҳолаи ту ҳушмандона огаҳ шавад ва барангезандаи ғазабатро дубора барнаангезад. Вале, мутаассуф, на ҳамеша чунин аст. Гоҳо мешавад, ки зишттарину сангинтарин туҳмат, таҳқир, риёро ба суроғаам таҳаммул, ба қавле, қурт мекунам. Дар посух чӣ мебинаму чӣ мешунавам? Эҳҳҳ! Бигўям? Хуб. Ба ростӣ, баъзан гўш тоқати бардошти иҳонати дигарбораи туҳматчиву таҳқиргар ва шахси риёкорро надорад. Дил ва шуур ҳам моил нестанд, ки ба рўи он нобакор як туфи кори калон кардаву гузарӣ. Вале маҷбур мешавӣ дар посухаш чизе бигўӣ. Агар дарк кард, хуб, агар не, гуфти одамон, худашу дави аспаш. Ку бинем, то куҷо қамчин мекунад…

Дар забони мардум гуфтае ҳаст: “Аз гап гап мебарояд. Агар хомўш истӣ, он аз куҷо барояд?”. Воқеан, ман, ту, онҳо, умуман моро чунин тарбия додаву доданиянд, ки вақте як нафар ба ғазаб омад ва борони дашному дўғу пуписаро ҳам ки ба сарат борид, лабро бо ду қабати дандон бигазу ҳатто хуншор намо, аммо хомўш бош! Дар ҳақиқат, андешаи тамиз ва фикри оқилонаву хирадмандона аст. Вале, охир, чаро ду натиҷаи мухталифи анҷом дорад хомўшии ман, ту, ў ва ё онҳо, дўстам Хоҷаев!? Охир, бебасар нестем ку, мебинем, ки хомўшии мо ба таври гуногун пазироиву пазируфта мешавад…

Ду намуна меорам. Аввал ин ки, ҳамсояи хубе доштам, бисёр тақводор ва фурўтан. Номашро намеорам, то ин ки боиси ранҷишаш нагардад. Ҳамсояам он қадр нарм ва меҳрубон буд, ки шояд аз ҳамон тоифаи мўрчаро озор намедодагон камӣ надошт. Аммо, афсўс, ки чунин як ҷавонмарди пурандешаву сара дар муҳити оила аз зиндагии хуб маҳрум буд. Ҳамсараш пургӯй буд. Ҳатто ҳолатҳое мешуд, ки то як поси шаб намехусбид ва бо зани ҳамсояи дигар гўмагў мекард. Ҷавонмарди ҳамсояам ба “сагҷанг”-и ҳамсарашу зани ҳамсоя аҳамият намедод. Бо ин рафтораш чунин ҳолатеро муҳайё месохт, ки гўё аз занаш метарсад. Ва ин на танҳо фикри ман буд. Ҳама ҳамсояҳо чунин мепиндоштанд. Лоҷарам, ўро танҳо ҳамин роҳ монд, ки аз кўчаи мо бикўчад, чун хеле “шинохта” шуда буд. Кўчида рафт ва ўро дигар надидам, касе аз аъзои оилаашро низ.

Баръакс, ҳамсояи дигаре дар ҳамсоягии мо хона гирифт, ки гўё марди хона дар он хона калони хона буд. Чун ҳамсараш бо зани ҳамсоя саропанҷа мерафт, худро “дўғи қатиғ” мекард ва бо хашму ғазаб моҷарои ба миён омадаро аланга медоду худаш ҳам дармегирифт. Интиҳо ҳамин мешуд, ки тамоми мардуми кўча гўшҳояшонро бо дастҳо маҳкам карда, ба манзилҳояшон паноҳ мебурданд. Ман ҳам аз ҷанҷолҳои ҳаррўзаи онҳо ва шунидани дашному таҳқирҳои якдигариашон дилгир шудам. Аммо, ин бор худи ман аз он кўча кўч бастам.

Дипломати украинӣ Константин Елисеев як ишораи хеле ҷолиб, хусусан барои ман дорад, дўстам Хоҷаев. Ў мегўяд: “Тавре тавонед дарро базарба пўшед, ки касе нафаҳмад”. Ростӣ, даврони наврасӣ аз ин нукта огоҳ набудам ва дар гўшаи хаёл ҳам намеоавардам, ки ҳатто ҳаракатҳои одӣ метавонанд шахсро ба ғазаб оранд ва муқобили нафари дигар дар рақобат қарор диҳанд. Ҳанўз дар синфи шашум мехондам, ки қазияи ногуворе пешорўям омад. Он вақт як навраси таҷрибанодида, аммо иштиёқманди омўзишу адолатхоҳ будам. Ҳамон даврон, рўзе дар дарсе муаллим маро иштибоҳан ба ҷои нафари дигар сарзаниш намуд ва фарёд бардошт, то фавран аз синфхона берун шавам. Чун гуноҳе надоштам, якравӣ кардам. Аз гўшам кашид ва то дами дар кашола кард. Берун шудам ва дарро бо ғазаб, тавре шапидам, ки ҳама аз ҷой як қад париданд. Муаллим дучанд ба ғазаб омад. Аз қафоям баромад ва наздаш фаро хондам. Ба рўям ду-се шаппотӣ фароварду пас гашт, ба синфхона даромад. Гўё бо ҳамин оташи ғазабаш хомўш шуд.

Вақте дар курси дуввуми донишгоҳ таҳсил мекардам, аҷаб ҷавони шўху беқарору ба қавли ҳамсабақон “воҳимача” будам. Рўзе чун дарс оғоз шуд, девонагии бандаи ганда сар омад. Гоҳ ин духтари ҳамсабақро бесаранҷом мекардаму гоҳ онашро. Муаллим ба ғазаб омад. “Ту, бача, инҷо ҷои ту нест, баро, гум шав!” гуфта, ҷониби дар ишора кард. Баромадам ва дарро сахт шапидам. Муаллим шитобон аз қафоям баромад. Гумон кардам, ки ҳамин ҳоло воқеаи давраи мактабхониям такрор мешавад. Аммо не. Ў оромона гуфт: “Писарам, кори хуб накардӣ”. Аз кирдори худ шармам омаду узр хостам.

Баъди ин ҳама қиёсҳо ба фикр фурў меравӣ ва ба хулоса меоӣ, ки ғазаб бисёр вақт чун меҳмони нохонда меояд, аммо имкони паст кардани суръату дараҷааш ҳаст. Ба ин кор бештар онҳое қодиранд, ки оқибатҳои ғазабро амиқ меандешанд ва фарҳанги сабр карданро омўхтаанд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *