Ғизоҳои дӯстдоштаи Муҳаммад (с)

Хонандагони «Тоҷикистон” дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон телефонӣ мепурсанд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) кадом ғизоҳоро дӯст медоштанд ва дар ифтор чӣ тановул мекарданд, зеро умматони Расули Худо мехоҳанд, ки дар ин моҳи муборак ба амалҳои Паёмбар пайравӣ кунанд. Мо ҳам хоҳиши хонандагонро ба ҷо меоварем.

Аксари ривоятҳо баёнгари онанд, ки Паёмбари Худо ва ёронаш хеле зиёд аз хурмо истеъмол менамуданд. Имом Бухорӣ аз ҳадиси Оиша разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам аз хӯрданиҳо ширинӣ ва хурморо дӯст медошт.

Дар ҷилди 7, Саҳеҳ Бухорӣ дар китоби ғизо таҳти рақами 348 аз ҳазрати Анас ривоят шудааст, ки мефармояд: “Ман дидам, ки назди Паёмбари Худо саллалоҳу алайҳи ва саллам шӯрбоеро гузоштанд, ки ҳам гӯшт дошту ҳам каду ва дидам, ки Расули худо пораҳое аз кадуро аз он шӯрбо мебардошту мехӯрд”.

Дар марҷаъи собиқ дар ҳадиси рақами 356 аз Саъд ривоят шудааст, ки ҳазрати Расулаллоҳ (с) фармудаанд, ки: «ҳар касе ҳар субҳ хурмои Аҷворо бихӯрад аз сеҳру заҳр дар амон аст».

Дар шарҳи ривояте, ки мегӯяд, ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам шириниро дӯст медошт, Имом Нававӣ мегӯяд, ки ин ширинӣ ҳар ду шириниро дар бар мегирад, ҳам ширинии табиӣ (мисли меваҳо) ва шириниҳои тайёркардашуда.

Ҳамчунин, аз Имом Аҳмад ва имом Тирмизӣ ва дигар муҳаддисон ривоят намудаанд, ки ҳазрати Рисолатпаноҳ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гӯшти дасти гӯсфандро дӯст медошт. Ал-Осимободӣ мефармояд, ки Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам барои он хӯрдани гӯшти дасти гӯсфандро дӯст медошт, ки осонпаз, бомазза ва бо табъ аст.

Имом Хаттобӣ мегӯяд, ки «дӯст доштани он ҳазрат саллалоҳу алайҳи ва саллам дасти гӯсфандро аз он маълум нашудааст, ки ӯ дархост карда бошад ва ё гуфта бошад, вале вақте гӯсфанди пухтаро назди Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам мегузоштанд, ӯ аз дасти гӯсфанд мехӯрд ва аз ҳамин ҷо фаҳмиданд, ки ӯро ин гӯшаи дасти гӯсфанд мақбул аст».

Дар сарчашмаҳо 12 ғизои маҳбуби Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам зикр шудааст: 1) ҷав, 2) хурмо, 3) анҷир, 4) ангур, 5) асал, 6) тарбуз, 7) шир, 8) занбурӯғ, 9) равғани зайтун, 10) анор 11) сирка, 12) об.

Ба ҳар ҳол ин ковиш нишон дод, ки аксари ғизоҳое, ки ҳазрати Расули акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам тановул менамуд ва ё ба ӯ мақбул буданд, хеле ҳам ғизоҳои солим ва барои саломатӣ фоидаовар буданд.

Роҳу равиши Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам дар хӯрдан ин гуна буд, ки будагиро мехӯрд ва нобударо талаб намекард. Ҳар чӣ ба ӯ маъқул буд, мехӯрд ва ҳар чӣ ба ӯ писанд намеомад аз пешаш дуртар мегузошт ва дар борааш чизе намегуфт. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам ҳаргиз аз хӯрданӣ ва ғизое шикоят намекард.

Суннатҳои Пайғамбар (с)  оид ба хӯрдан:

-Ҳар ду дастатро қабл аз хӯрдан бишӯй.

-Пеш аз тановули хӯрок аввал фаршеро рӯйи замин паҳн намо.

-Кафшҳои худро қабл аз хӯрдан барор.

-Нишаста бихӯр.

-Бо садои баланд бигӯ «Бисмиллоҳи ва ъало баракатиллоҳ».

-Бо дасти ростат бихӯр.

-Агар тавонӣ бо се ангуштат бихӯр.

-Аз хӯрдани таоми бисёр, гарм(ҷӯш) парҳез намо ва ғизоро пуф накун.

-Аз пеши худ бихӯр.

-Агар порае аз хӯрок афтад, онро бардошта пок намуда бихӯр.

-Ҳангоми хӯрдан якпаҳлу мазан.

-Дар таом айбҷӯи накун.

-Ё чорзону дар замин бинишин ё рӯйи як зону нишаста зонуи дигарро бардор, ё ҳангоми хӯрдан ҳар ду зонуҳоятро бардор.

-Бояд баъди хӯрдан ангуштҳоро лесид.

-Баъди хӯрдан дуъо хонед.

-Аввал ғизоро бардоред, баъд худатон бархезед.

-Зарфҳои хӯрокхӯриро пас аз хӯрдан бишӯед. Бо анҷоми ин амал зарфҳо барои мағфирати шумо дуъо хоҳанд намуд.

-Баъди ғизо ҳар ду дастатро бишӯй ва даҳонатро обгардон намо.

-Ҳангоми хӯрдан бояд хомӯш набошед.

Суннатҳои нӯшидан:

-Мусулмон бояд бо дасти рост бинӯшад, зеро Шайтон бо дасти чап менӯшад.

-Нишаста бинӯшед.

-Пеш аз нӯшидан «бисмиллоҳ» бигӯед ва баъди нӯшидан «Алҳамдулиллоҳ».

-Дар се нафас бинӯшед ва зарфи обро баъди ҳар нафас аз лабонатон дур кунед.

-Аз зарфи обгирӣ ё обдор мустақим нанӯшед, бояд обро дар зарфи шишагине, агар бошад, бирезед ва обро нигоҳ намуда баъд бинӯшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *