Ғизои модари ширдиҳанда бояд чӣ гуна бошад?

Шири модар беҳтарин ғизои табиӣ барои тифли навзод мебошад. Дигар намуди ғизо шири модарро иваз карда наметавонад. Шири модар барои инкишофи дуруст ва баландшавии масунияти навзод мусоидат менамояд.

Дарҳол пас аз таваллуд модар бояд ғизоҳои барангезандаи аллергия, ба монанди донагиҳо, шоколад, асал ва ҳатто шири говро рад намояд, зеро организми кӯдаки навзод ниҳоят нозук буда, ғизои дӯстдоштаи модар метавонад ба организми навзод таъсири манфӣ расонад.

Модари ширдиҳанда бояд ғизои дуруст ва солим истеъмол намояд, зеро таркиби шири модар аз ғизои истеъмолнамудаи ӯ вобаста аст. Истеъмоли ғизои нодуруст дар вақти синамаконӣ ба навзод таъсири манфӣ расонида, барои вайроншавии кори меъда ва рӯдаҳо, пайдошавии ҳассосият ва ҳатто заҳролудшавӣ оварда мерасонад.

Рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуд модар бояд барои ҳосилшавии шир ва барқароршавии организми худ кӯшиш намояд,  зеро давомнокии лактатсия аз ҳамин вақт оғоз мегирад. Маҳз барои ҳамин ғизои модар бояд пурра солим ва сабук бошад. Ба монанди омехтаҳои аз биринҷ ва ҷуворимакка таёркардашуда, гӯшти буғпази камравғани гов, сабзавоти маҳаллии мавсимӣ (гулкарам, картошка), маводи турши ширӣ (ҷурғот ва твороги беравған) ба миқдори кам метавон истеъмол намуд.

Витаминҳо, микроэлементҳо ва минералҳо барои инкишофи дурусти ақлонӣ ва ҷисмонӣ ба кӯдак лозиманд. Ҳамаи инҳо ба воситаи шири модар бояд ба организми навзод ворид шаванд. Ба ҳисоби миёна талаботи шабонарӯзии занҳо тақрибан 2500 ккалро ташкил медиҳад. Модари ширдиҳанда бояд ба миқдори 500-700 ккал талаботи худро зиёд намояд.

Тақсимоти ғизои модар

Каратнокии ғизогирии модар дар 1 шабонарӯз 5-6 маротибаро бояд ташкил намояд, ки аз ин 3 маротибааш ғизои асосӣ ва 2-3 маротибаи дигараш ғизои сабуки иловагӣ ба ҳисоб меравад. Мутаносибии дурусти ратсиони модар аз будани сафеда, чарбу ва карбогидрат дар таркиби ғизои истифодашавандаи ӯ вобаста аст. Модари ширдиҳанда бояд дар 1 шабонарӯз  130-150 гр. сафеда, 100-120 гр. чарбу ва 600 гр. карбогидрат истеъмол намояд. Аз меъёр зиёд ё норасогии моддаҳо дар ратсиони модар метавонад ба ҳолатҳои нохуб оварда расонад. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи ширӣ аз тарафи модар ба пайдошавии сенсибилизатсия оварда мерасонад. Норасогии маводи гӯштӣ ва анемияи модар сабаби асосии норасогии оҳан дар кӯдакон шуда метавонад, ин ҳолат бештар дар натиҷаи дер ворид намудани ғизои иловагӣ  ба вуҷуд меояд. Барои модари ширдиҳанда дар 1 шабонарӯз истеъмоли 2 л об зарур аст. Нокифоягии об ба камшавии шири модар ва аз меъёр зиёди он сабаби барзиёд ҳосилшавӣ ва лактостаз – яъне, ҷамъшавии шир мегардад.

Ғизои хатарнок барои модар дар давраи синамаконӣ – ин консерваҳо, меваҳои экзотикӣ ба монанди банан, кивӣ, ҳамаи меваҳои ситрусӣ ва маводҳое, ки дар таркибашон эмулгатор ва рангкунандаҳо доранд, мебошанд. Маҳсулоти баҳрӣ фоидаоваранд, вале бинобар сабаби кам буданашон ба мардуми кишварамон метавонанд ба навзод таъсири манфӣ расонанд. Какао ва қаҳваро метавонем бо чой ва обмеваи аз меваҳои хушк тайёрнамуда иваз намоем.

Модар бояд маводи барои кӯдакаш ношиносро эҳтиёткорона истеъмол намояд. Танҳо як маҳсулоти навро 3 рӯз ба миқдори кам истеъмол намуда, ба ҳолати кӯдак менигарад, пас аз набудани реаксияи аллергия метавонад маҳсулоти нави дигарро истеъмол намояд. Ҳамаи намуди парҳезиҳое, ки барои ба даст овардани намуди қаблии то ҳомиладорӣ истифода мешавад, ба вайроншавии ҳосилшавии шир оварда мерасонад. Дар натиҷа  ба норасогии моддаҳои лозима барои инкишофи дурусти навзод  оварда мерасонад. Модар метавонад намуди қаблии зоҳирии худро бо роҳи кам намудани истеъмоли маводи аз чарбу бой ба даст оварад. Организми ҳар як зан таркиби шири худро новобаста аз миқдори чарбуи як хел истифодашаванда нигоҳ медорад. Агар норасогии чарбу дар ғизои модар ба амал ояд, организми зан аз чарбуи захиранамуда дар давраи ҳомиладориаш истифода менамояд. Ба ғайр аз ин лактатсия худ энергияи зиёдро талаб мекунад, бинобар ин дуру дароз давом додани синамаконӣ на танҳо кӯдакро солиму бардам, инчунин ба модар имкон медиҳад, ки намуди зоҳирии то ҳомиладории худро ба даст орад.

МЕНИКУЛОВ А. Р.,

табиби навзодони Беморхонаи шаҳри Ваҳдат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *