Ғизои солим — чашмони солим

Чанд рӯзи охир оризаи чашм маро азият медиҳад. Чашмонам сурх шудаву гоҳ –гоҳ торикӣ пеши чашмонамро мегирад. Ба табаб муроҷиат кардам, ду-се дору навишта, тавсия дод, ки ғизои солим истеъмол кунам. Мехоҳам табибон – коршиносони саҳифаи “Канзи шифо”-и “Тоҷикистон” бароям ғизоҳои фОИдаовар ва зиёновари чашмро тавсия диҳанд. С. Музаффаров, ш. Душанбе  

Вобаста ба ин савол тавсияи пизишки чашми Бемористони ибни Сино Шаҳло Бобоҷоноваро пешкаши шумо мекунем.

Тибқи маълумоти Оҷонсии байналмилалии нобиноён, ҳудуди 253 миллион нафар дар ҷаҳон мушкилоти биноӣ доранд. Аз ин теъдод 65 дарсадашон афроди аз 40- сола боло ва 35 дарсадашон кӯдакон мебошанд.

Барои ҳифзу нигаҳдории биноии чашмон пизишкон истеъмоли ғизои солимро тавсия медиҳанд:

1. Бояд муносибати байни хӯрок ва моддаҳои фаъоли биологӣ (сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва маҳсулоти минералӣ) ҳамоҳангии дуруст таъмин шавад.

2. Риояти режими истеъмоли ғизо дар рӯз: 3-4 маротиба дар шабонарӯз ва дар вақти муайян тавсия дода мешавад. Истеъмоли хӯрок то 1,5 — 2 соат пеш аз хоб лозим аст.

3. Мутобиқати истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ бо якдигар: хӯрок бояд гуногун ва сабукҳазм бошад.

Маҳсулоти ғизоӣ, ки барои чашм фоида доранд, инҳоянд:

1. Сабзӣ, ки дар таркибаш бета-каротин дорад, ба витамини А табдил меёбад. Витамини А ба раванди барқароршавӣ ёрӣ ва барои пешгирӣ аз мушкили наздикбинӣ кумак мекунад.

2. Афшурдаи ҷаъфарӣ ба тақвияти кори рагҳои хунгард ёрӣ расонида, барои барқарории фаъолияти чашм баъд аз рӯзи кории вазнин фоида дорад. Ҳангоми чашмсурхӣ конюнктивит, илтиҳоби қарния (кератит) ва обимарворид (катаракт) аз ин гиёҳ истифода мекунанд.

3. Кунҷид (тухм ва ё равғанаш) — дар таркибаш витоминҳои А, В ва С дорад. Барои коҳиши дарди сар, ки дар натиҷаи фишор бар чашмон ба миён меояд, кумак мерасонад.

4. Зардолу  дар таркибаш витомини А дошта, чашмро аз таъсири нури офтоб, роёнаи компютер ва телефон муҳофизат мекунад.

5. Лимӯ  дар таркибаш витаминҳои В1 ва С дошта, барои пешгирӣ аз мушкили наздикбинӣ ва ё дурбинӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин, барои дарди сар, ки дар натиҷаи хастагии чашмон баъд аз кори тӯлонӣ бо роёна ва телефон ба амал меояд, муфид аст.

6. Тухми мурғ  дар таркибаш аминоасидҳо, лутеин ва гӯгирд (сулфур) дошта, чашмонро аз бемории оби марворид (катаракт) ҳимоят мекунад.

7. Сир (чеснок) барои чашм аз он ҷиҳат фоида дорад, ки дар таркибаш гӯгирд (сулфур) дорад ва дар тақвияти биноӣ таъсири мусбат расонида, онро барқарор мекунад.

8. Моҳӣ дар таркиби худ витамини Омега-3 бисёр дошта, барои тақвияти биноӣ фоидаовар аст.

9. Карам, помидор ва бодиринг дар таркибашон лутеин доранд ва бино бар ин биноии чашмро беҳтар сохта, барои пешгирӣ аз бемории оби марворид (катаракт) муфид ҳастанд.

10. Маҳсулоти ширӣ (лабаниёт)   дар таркибашон моддаи рӯй (цинк) доранд. Маҳз норасоии рӯй чашмро ба бемории оби марворид (катаракт) гирифтор мекунад. Дар маҳсулоти ширӣ витаминҳои В2 ва В12 низ вуҷуд дорад, ки гардиши хунро дар чашм беҳтар менамояд.

Маҳсулоте, ки дар биноии чашм таъсири манфӣ мерасонанд:

1. Бояд истеъмоли маҳсулоти ордӣ ва шириниҳоро, ки боиси хастагии чашмҳо мешаванд, маҳдуд кард.

2. Ғизои намакӣ, маҳсулоти зудпаз ва нимтайёр ва дар дуд пухташуда  ба ихтилоли фаъолияти рӯдаҳо ва гурда боис шуда, чашмҳоро низ дучори мушкил месозанд.

3. Истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти гӯштӣ ба баландшавии фишори чашм мебарад.

4. Дар таркиби баъзе маводи ғизоӣ, монанди чипс, бургерҳо ва хотдогҳо моддаи шимиёии глутамати натрий вуҷуд дорад. Ин модда ба таври сунъӣ истеҳсол мешавад, на танҳо барои чашм, балки барои аъзои дигари бадани инсон ҳам зиён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *