“Ғофил магузар…” ёдбуди устод Гулназар Келдӣ дар Душанбе

Бисту чаҳор солаш буд, ки нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи «Расми сарбозӣ» мунташир шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи «Забони ошиқӣ» дар Теҳрон мунташир кард.

Имрӯз дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе маросими ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ баргузор шуд. Дар ин маросим парда аз лавҳи гӯри шоир, ки аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Айнӣ гузошта шуд, баргузор гардид.


  • “Ғофил магузар ту аз китоби дили ман,
    Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.
    Аз шоири шӯридаи хамӯш пур аст,
    Ин теппаи маҳзуни Лучоби дили ман
    ” – навишта шудааст, дар лавҳи гӯри шоир.
    Дар маросими ёдбуди Гулназар адибон, дӯстон ва алоқамандони осори шоир ширкат карданд. Шоирон Ато Мирхоҷа, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Кароматуллоҳи Мирзо доир ба рӯзгор ва осори шоир суҳбатҳо ва хотироти хешро нақл карданд.
    Зикр гардид, ки Гулназар яке аз шоирони бузурги муосири тоҷик буд, ки дар рушду равнақи адабиёт саҳми беназир гузоштааст.

Гулназар Келдӣ (20 сентябри 1945, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 13 августи 2020[1], Душанбе, Тоҷикистон) — шоири тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон (1995). Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994).
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи « Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975—1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол аст.

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Расми сарбозӣ» дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи «Расми сарбозӣ» мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи «Забони ошиқӣ» дар Теҳрон мунташир кард.

Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд.
Шоир Гулназар 13 августи соли 2020 бар асари бемории ҳамагири короновирус аз олам даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *