Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» кӣ шуд?

Рӯзҳои 2-3-юми майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Дар ин озмун донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешавад, ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯйи ду номинатсия, инфиродӣ ва гурӯҳӣ интирок карданд. Дар натиҷаи баҳодиҳии шаффофу воқеии ҳакамон ғолибони озмуни инфиродӣ инҳо дониста шуданд: Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал, Раҳима Раҳмонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Собир Умарзода, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва Муҳайёхон Амонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Абдухалиқ Бобоев, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Ғолибони номинатсияи гурӯҳӣ ба таври зерин муайян карда шуданд: Ҷойи якум ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюм ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав лоиқ дониста шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибону иштирокдорон Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаю туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *