Ғолибияти Хуршед Иброҳимзода дар озмуни ҷаҳонии “Мақом”

Дар озмуни байналмилалии “Мақом” дар Ӯзбекистон мақомсарои шинохтаи тоҷик Хуршед Иброҳимзода сазовори ҷойи аввал, диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллар шуд.

Хуршед Иброҳимзода дар ин озмун 30 дақиқа ҳунарнамоӣ карда, панҷ сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи “Яккасароӣ” ғолиби ҷойи аввал гардид.

“Ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кардам”,‑ мегӯяд Хуршед Иброҳимзода.

Хуршед Иброҳимзода мегӯяд, ки аз рӯйи талаботи озмун ҳар як иштирокчии конкурс як силсилаасар аз сурудаҳои шашмақом бояд иҷро мекард. “Мо якчанд сурудҳои навро бо номи силсилаи “савти ушшоқ”, “фурӯғи савти ушшоқ”, “ушшоқи Содирхон”, “соқиномаи савти ушшоқ”,  “тавқинчаи савти ушшоқ” барои озмун омода кардем ва манзури тамошобинон ва ҳайяти ҳакамон намудем. Иҷро ва ҳунари мо аз тарафи ҳакамони озмун баҳои баланд гирифт”,‑ гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии “Мақом” дар доираи Конфренсияи II байналмилалии мақом аз 26 то 30‑юми июн дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар форуми мазкур 95 сароянда аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Чин, Марокаш, Туркманистон, Урдун, Ҷопон, Тунис, Ҳиндустон, Миср, Индонезия, Туркия, Қатар, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин озмун Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, солисти Консерваторияи миллии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода намояндагӣ мекард.

Хуршед Иброҳимзода мақомсарои шинохтаи кишвар аст. Нахуст, дар ансамбли шашмақомсароёни ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Конибодом сабақ гирифтааст. Баъдан, дар факултети санъати ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров таҳсил намудааст. Соли 2001 дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» ширкат карда, дар муҳити фарҳангии кишвар шинохта гардид. 

Хуршед Иброҳимзода соли 2009 дар озмуни байналмилалии «Мақом» дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ширкат варзида, сазовори Дипломи махсус гардид. Соли 2011 дар фестивал-озмуни бонуфузи «Шарқ тароналари» («Таронаҳои Шарқ») дар Самарқанд лауреати озмун ва дар Форуми байналмилалии «Мақом-2018», ки дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон гузашт, соҳиби Шоҳҷоиза шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *