Ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ қадр гардиданд
Дар толори расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2023», «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани мукофотҳо изҳор дошт, ки илму дониш чароғи равшани роҳи башарият аст, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.
Ҳамин тариқ, дар озмуни “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023” Китобхона — филиали №21-уми деҳоти ба номи Турсун Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм ва 8000 сомонӣ, Китобхона — филиали №22-юми деҳаи Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара соҳиби ҷойи дуюм ва 10 000 сомонӣ ва Китобхона — филиали №12-уми деҳаи Артучи деҳоти Рўдакии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум ва 12 000 сомонӣ гардид. Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва 15 000 сомонӣ мукофоти пулиро Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ соҳиб шуд. Раиси вилоят ба ғолибони озмунҳо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳоро супорид. Ҳамзамон ба наздик 20 нафар ғолибони озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» диплому мукофотҳо тақдим гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ