Ғулом Исҳоқзай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки давлати Толибонро эътироф накунанд

Намояндаи Афғонистон аз ояндаи норушани ин кишвар дар СММ гуфт

Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ Ғулом Исҳоқзай рӯзи 7 сентябр дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералӣ ҳукумати нави ҷумҳуриро комилан шарҳ дод.

«Толибон * имруз ҳайати ҳукумати навро эълон карданд. Онро ҳар чизе ки ба шумо писанд аст, номидан мумкин аст, аммо фарогир нест», — гуфт ӯ.

Исҳоқзай афзуд, ки мардуми Афғонистонро ояндаи норӯшан интизор аст.

Намояндаи Афғонистон аз ҳамаи аъзои СММ даъват кард, ки ба пешбурди фарҳанги сулҳ мусоидат кунанд.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки «Аморати исломӣ» -ро, ки дар Афғонистон таъсис ёфтааст, эътироф накунанд ва Толибонро* барои нақзи ҳуқуқи инсон масъул шуморанд.

Ба гуфтаи намояндаи доимии Афғонистон дар СММ, зарур аст, ки дар кишвар барои таъсиси ҳукумати фарогир исрор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *