Қатъи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
Интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон то аввали моҳи апрели соли 2020 мутаваққиф шуд.
Далели ин амр ба фаро расидани мавсими сармо ва таъмини сокинони Тоҷикистон бо неруи барқ марбут будааст.
Бино ба иттилои манобеъи расмии Тоҷикистон, ин иқдом бо тафовуқи ҳар ду ҷониб анҷом шудааст.
Аз моҳи апрел то сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард киловат-соат неруи барқ содир кардааст.
Ҳамчунин, дар ин давра интиқоли неруи аз Тоҷикистон ба Афғонистон низ аз 10 миллион киловат- соати қаблӣ то 800 ҳазор киловат-соат дар як шабонарӯз коҳиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ