Қазоқистон: 23 нафари аз Чин баргашта таб доштанд ва дар 4 тан аз онҳо “коронавирус” ошкор шуд
Дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва чаҳор тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба “коронавирус” дар бемористон бистарӣ гардиданд. Дар ин бора Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод.
Вай гуфт, аз беморон барои ташхис хун гирифта шудааст. «Давоми се рӯзи оянда ташхиси мӯшикофона анҷом хоҳад шуд. Табобати беморон шуруъ гардид», — хабар дод вазир.
«То кунун аз Чин ба кишвари мо 25 ҳазору 858 кас ворид шудааст, ки инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва бархе шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузаронида мешаванд», — афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол вазир аз ҳамаи онҳое, ки ахиран аз Чин ва кишварҳои ҳамсояи Чин баргаштаанд, хост ба бемористонҳо раванд ва аз ташхис гузаранд.
Бино ба маълумоти охир, аз “коронавирус” аллакай дар ҷаҳон 106 кас ҷон бохта, ҷамъан 4,5 ҳазор нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.
Бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ аллакай дар Камбоҷа, Ҳонконг, Макао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ