Қазоқистон: Саҳмдорон талаб доранд, пулҳояшон баргардонида шавад
Иштирокчиёни сохтмони маҷмааи зисти «Телман парк» дар канори шаҳри Нурсултон, ки чандин сол аст, ба истифода дода намешавад, 16 январ дар як нишасти хабарӣ аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки иншоотро баҳсӣ эълом кунанд.
Ба гуфтаи саҳмдори маҷмаа Сагиндик Бекбауов, шаҳрдории Нурсултон ба қазия дахолат намекунад ва ин ба ширкати сохтмонии «Сункар 777», ки бояд маҷмааро бисозад, имкон медиҳад, то аз ҷавобгарӣ фирор кунад.
Саҳмдорони маҷмаа мегӯянд, борҳо аз шаҳрдорӣ ба дархости иҷозати баргузории ҳамоиши эътирозӣ ҷавоби рад гирифтаанд. Намояндаи шуъбаи меъморӣ ва сохтмони шаҳр Даулет Рискулов, ки ба назди саҳмдорон рафт, гуфт, «шаҳрдорӣ наметавонад ин иншоотро баҳсӣ эълом кунад, зеро тибқи лоиҳа он бояд камошёна сохта шавад. Ин мушкил бояд миёни ширкати сохтмонӣ ва саҳмдорон ҳал шавад».
Бар асоси иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва рушди зербиноии Қазоқистон, соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Нурсултон 51 иншооти баҳсӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти қазоқ соли 2018 гуфта буданд, ки дар ду соли ахир барои иншоотҳои баҳсӣ аз буҷаи давлат ҳудуди 105 миллион доллар ҷудо карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ