“Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ислоҳ мешавад
Баъд аз эродҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тағйирот ворид мешавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Гавҳар Шарофзода бар зимма дорад, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудааст, то фикру андешаҳои худро ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод кунанд.
Зеро имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва дар асоси он талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид мекунад.
Зимнан, 4 октябри соли равон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои печидаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки «…таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳал нашудааст.
Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.
Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст».
Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» — ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
“Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ