Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи маъруфи Эрон ба ҳалокат расид
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи неруҳои вижаи “Ал-Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз, ҷумъаи 3 январ бар асари як ҳамла дар ҳумаи фурудгоҳи Бағдод кушта шуд.
Неруҳои Сипоҳи посдорон зимни тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки Қосим Сулаймонӣ бо Абумаҳдӣ Муҳандис, ки ба истиқболаш рафта буд, дар натиҷаи ҳамлаи чархболҳои низомии Амрико ба қатл расид.
Дар баёнияи Вазорати мудофиаи ИМА таъкид шудааст, ки Қосим Сулаймонӣ, ки дар феҳристи террористони байналмилалӣ қарор дошт, бо дастури Президент Трамп кушта шудааст.
Генерал Қосим Сулаймонӣ аз маъруфтарин фармондеҳони Эрон маҳсуб мешавад, ки фаъолияти низомиашро дар моҳи сентябри соли 1980 ба ҳайси лейтенант дар амалиёти ҷангӣ алайҳи неруҳои Саддом Ҳусайн, Президенти Ироқ шурӯъ кард.
Дар он сол неруҳои ироқӣ ба Эрон ҳамла карда ва бархе аз минтақаҳои онҳоро тасарруф карда буданд.
Аллакай дар 30-солагӣ вай фармондеҳи дивизияи пиёдагарди 41-ум шуд. Дар соли 2000 фармондеҳи неруҳои вижаи “Ал-Қудс”-и Посдорони Инқилоби исломии Эрон таъйин гардид.
24 ноябри соли 2015 генерал Қосим Сулаймонӣ раҳбарии гурӯҳи ҷустӯҷии Константин Мухартин, пилоти ҳавопаймои Су-24М, ки дар фазои Сурия аз мушаки неруҳои Туркия суқут карда буд, ба ӯҳда дошт.
Исми Сулаймонӣ дар феҳристи “сиёҳ”-и 15 намояндаи саршиноси сиёсию низомии Эрон, ки аз ҷониби СММ таҳия шуда буд, шомил гардидааст.
Дар Эрон Қосим Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ ҳисоб ёфта, дар бораи вай филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ наворбардорӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ