Қ. Шарифзода: Худшиносии миллӣ ҳадафи аслии «Бухорои шариф» буд

«Худшиносии миллӣ ва миллатсозию давлатсозӣ, ки аз ҳадафҳои аслии нахустин рўзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» буд, бо гузашти 108 сол бо арзёбию баррасиҳои ҷавобгӯ ба тақозои ҷаҳони имрӯза аз мавзўъҳои мубрами матбуоти даврии замони истиқлол боқӣ мемонад», — гуфт муҳаққиқи соҳа, устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода зимни суханронӣ дар ҳамоиши илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти даврӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик 4 марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муҳаққиқ Шарифзода рушди матбуоти даврии замони истиқлолро ба 7 марҳила даврабандӣ намуда, бо зикри вижагиҳо, бурду бохт ва дастоварду мушкилоти нашрияҳои чопии кишвар тўли ин солҳо, ҳамоно ба нерӯи тавоно будани матбуоти даврӣ таъкид дошт.

Дар гузоришу маърўзаҳои корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Бахтовар Темурзода «Мирзо Муҳиддин Мансуров ва таъсиси рўзномаи «Бухорои шариф»», устоди факултети журналистикаи ДМТ Ҷамолиддин Ёқубов «Нақши нашрияҳои даврӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа», корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бунафша Абдуллозода «Нақши матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ» паҳлуҳои гуногуни таърих, ташаккул ва такомули фаъолияти нашрияҳои чопии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Устоди факултети журналистикаи ДМТ Сангин Гулов зимни муҳокимаронӣ таъкид дошт, ки пажуҳишгарони соҳа бояд ба омўзишу таҳқиқи таърихи пайдоиш, ташаккулу таҳаввули нашрияҳои даврӣ бо диду афкори имрўза муносибат намоянд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода ҳамоиши мазкурро чун идомаи ҳамкориҳои судманди КМТ ва муҳаққиқону пажӯҳишгарони донишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқотӣ арзёбӣ намуда, бо умеди вусъат ёфтани ҳамкориҳои тарафайн ҳамоишро ҷамъбаст намуд.

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ,
донишҷӯйи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *