Қаҳрамони ман воқеан ҷавонмард аст… Ёдаш ба хайр!
Пайвастагии ман ба адабиёт аз китоби шеърҳои бачагонаи шоири кӯдакон Гулчеҳра Сулаймонӣ оғоз ёфт. Агар хотира фиребам накунад, он «Себаки хубонӣ» ном дошту пас аз хонданаш рағбатам ба каломи ноб афзуд.
Табиист, ки пас аз мутолиаи китобҳои зиёд хонанда барои худаш нависанда ва қаҳрамони дӯстдоштае интихоб мекунад. Ман бештар ба навиштаҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад ихлос дошта бошам ҳам, ба эҷоди Улуғзода ошиқ ҳастам, хоса ба асари ӯ «Восеъ».
Меҳри Восеъи баҳодур дар дили ман аз кӯдакӣ, аз он айёме ҷо шуда буд, ки модаркалони қиссагӯям исёни ӯро чун афсона бароямон нақл мекард.
Чун дар насри баландпардози устоди сухан бо Восеъ бархӯрди дигар доштам, ӯ бароям қаҳрамони дӯстдошта гашт. Аз ҳама бештар бароям адолатпарастӣ, нотарсӣ, якрӯӣ ва айби дигаронро новобаста аз мансабу дороӣ ошкоро баён намудани Восеъ писанд аст. Чун ҳама хислатҳои қаҳрамонро пеши назар оварда, ба ӯ бори дигар назар медӯзам, мебинам, ки ӯ воқеан ҶАВОНМАРД аст…
Ҷасорати як куҳистонӣ аморати Бухороро ларзонида, дар дили амир оташ андохт. Ин ҷасорат адолат ном дошту муқобили зулм бархоста буд.
Чун бори аввал ҳайкали Восеъро дар ноҳияи ҳамноми ӯ дидам, беихтиёр нидо кардам:
— Ин Восеъ нест!
Тағоям, ки сари чамбараки мошин буд, бо ханда пурсид:
— Ту Восеъро дида будӣ, ақлак?!
Ман хомӯш мондам, зеро ҳайкали қаҳрамони дӯстдоштаамро солҳо боз дар дилам гузошта будам ва ӯ дигари дигар буд!
Ман ҳар сол як бор «Восеъ»-ро мехонам, ҳарчанд медонам, ки оғозу анҷоми воқеаҳо чӣ гуна аст…
Вақте Восеъи бандӣ асперо, ки касе ром кардааш наметавонад, савор мешаваду мардум зери лаб “ёдаш ба хайр, зинда намемонад!” мегӯянд, ман дар дил Худоро зора мекунам, ки қаҳрамонамро сиҳату саломат нигаҳ дорад, ҳарчанд медонам, ки ӯ ин дафъа саломат мемонад. Аламовартарин боби асар бароям ин хиёнати дӯстон, дастгир шудани шери исёнӣ ва назди амир бурдани ӯст, зеро амир мехост ба чашмони душманаш дида дӯзад.
Қаҳрамони ман ба сӯи маргаш низ мардона қадам мемонад, зеро медонад, ки шуҷоати ӯ пояҳои тахти амирро ларзондаасту дигар ба мардуми оддӣ ба чашми кам наменигарад, зулмро аз ҳад намегузаронад!
Ёдат ба хайр, қаҳрамони ман!
Лолаи САИДАКБАР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ