Қабули 12 эътимоднома аз сафирони хориҷӣ дар Тоҷикистон (ном ба ном)

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эътимодномасупорӣ дар Қасри Миллат эътимодномаҳои 12 сафири навтаъйини хориҷиро қабул кард.

Нахуст дар маросими эътимодномасупорӣ сафирони 6 кишвар, аз ҷумла Русия иштирок доштаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар баробари сафири нави Русия Семён Григорев, ҳамчунин сафирони навтаъйини Куба — Оскар Сантана Леон, Мексика — Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина — Леополдо Франисико Саорес, Чад — Маҳамуд Адам Башир ва Гана Эрик Овусу-Боатенг, эътимодномаҳоро супурданд.

Дар идома эътимодномаҳои 6 сафири дигар, аз Украина Валерий Евдокимов, Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Латвия Рейнис Трокша, Шветсия Томас Данестад, Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика қабул карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи «дарҳои кушода» бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад.

Зимни суханронӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои олам андешаронӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳо баён дошт.

Президенти Тоҷикистон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *