Қадамҳои “баҳодуронаи” КОВИД 19 дар сайёра
Гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз 7 миллион нафар гузашт
Рӯзи
11-уми октябр шумори гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз
7 миллион нафар гузашт. Дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар рекорди нави олудагии якрӯза ба қайд гирифта шуд, ки мегӯяд, беш аз
74 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Як мақоми анҷумани табибони Мумбай гуфт, ки афзоиши олудашавиҳо аз он ҷост, ки бисёр нафарони то ҳол беморнашуда фориғболона бидуни ниқоб мегарданду фикр мекунанд, ки ба онҳо беморшавӣ таҳдид намекунад.
Дар ИМА бо беш аз 58 ҳазор ҳодисаи нави олудашавӣ ба коронавирус рӯзи 10-уми октябр афзоиши нав мушоҳида шуд. Дар даҳ аёлат афзоиши рекордии якрӯзаи нав сабт шудааст. Дар Бразилия 559 ҳодисаи нави марг ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии ҳалокатҳо аз 150 ҳазор ҳолат гузашт. Дар Фаронса ҳолатҳои олудашавии нав ба коронавирус рекорди навро зада 27 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар Теҳрон шурӯъ аз 11-уми октябр ниқобпӯшӣ ҳатмӣ шуд, чун пойтахти Эрон бо мавҷи сеюми пандемия рӯбарӯ шудааст. Дар як рӯзи гузашта дар Теҳрон 239 нафар даргузашт ва ин боз ҳам рекорди дигар шуд. Дар Маскав, ки назар ба дигар манотиқи Русия бештар осеб дидааст, мақомот гуфтанд, ки чораҳои беҳдоштиву маҳдудиятҳо сангинтар хоҳанд шуд. Дар Ҷумҳурии Чех бо
8600 ҳодисаи нави якрӯзаи олудагӣ ба коронавирус рӯзи 9-уми октябр шумори умумии беморшудаҳо ба 110 ҳазор нафар наздик шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ