Қадами Қурбон аз мақомоти милитсия огоҳӣ гирифт
Қадами Қурбон барои рақсҳои зиддиахлоқиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе даъват шуда, огоҳӣ гирифт.
Гуфта мешавад, ки моҳи ноябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор оид ба рақсҳои зидди фарҳангу ахлоқи Қадами Қурбон паҳн шуд. Амалҳои ӯ боиси вокуниши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.
Дар хабари расмии мақомоти милитсияи Тоҷикистон омадааст:
-Қурбонов Қадам Гулмаҳмадович, сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо раққоса «Миҷгона»» аз ансамбли «Падида» сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Зимни гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.11.2024 Қурбонов Қ.Г., даъват гардида, бо мақсади пешгири ва минбаъд содир нагардидани чунин кирдорҳои зидди урфу одатҳои миллӣ ва ахлоқӣ суҳбатҳои инфиродӣ ва профилактикӣ гузаронида шуда огоҳии расмӣ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ