Қадами Қурбон роҳ намесозад!

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо навиштанд, ки сароянда ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон гӯё роҳи зодгоҳаш — деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро аз ҳисоби маблағҳои худаш асфалтпӯш мекунад.

Ин хабар баъд аз он нашр шуд, ки ширкати Қадами Қурбон дар барномаи “Привет, Андрей!”-и Андрей Малахов пурсарусадо гардид. Бисёриҳо Қадами Қурбонро барои иқдоми наҷибаш офарин гуфтанд. Ҳатто шоири тоҷик Хайрандеш иқдоми ӯро бо навиштани шеър васф кард. Вале маълум шуд, ки ин хабар беасос будааст ва Қадами Қурбон роҳ намесохтааст.

Аз Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯянд, ки дар мавриди роҳсозии сароянда иттилоъ надоранд. Ин ниҳод мегӯяд, ки 8 километр роҳи ин деҳа сангфарш карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *