Қадрдонии ғолибони «Илм-фурӯғи маърифат» дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст ва зимни як чорабинӣ ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

 Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» зимни як чорабинӣ 28 сентябр  ҷамъбаст шуд. Ҳамин тавр, 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 Аз ин шумора 84 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 6 нафар омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

Дар чорабинӣ 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 44 нафар ғолиби ҷойи дуюм бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ғолиби ҷойи якум бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *