Қадрдонии Амонатбонк бахшида ба Рӯзи соҳибкорон

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар доираи конфронс намоишгоҳи саҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо гузаронида шуда, Амонатбонк дар он гӯшаи хизматрасониҳои бонкиро пешниҳоди иштирокчиён намуд.

Мутахассисони Амонатбонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулоти қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, Амонатбонк барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузории конфронси илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар мавзӯи “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *