Қадрдонии табиби тоҷик Абдухолиқ Амирзода аз ҷониби Русия
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадрдонии табиби тоҷик Абдухолиқ Амирзода бо медали хотиравии “100-солагии Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Русия” хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода барои расонидани ёрии назаррас дар ҳалли проблемаҳои истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон бо медали хотиравии “100-солагии Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Русия”-и Хадамоти федералии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия – “Роспотребнадзор” қадрдонӣ карда шудааст.
— Маросими тақдими медали хотиравӣ зимни як ҷаласа дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти Хадамоти федералии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия – “Роспотребнадзор” иштирок намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ