Қадрдонии устодон дар ДМТ

Ба муносибати 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Тавре ки ад донишгоҳ ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, нахуст дастовардҳои илмию таълимӣ, китобҳои таълифнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқоти илмии устодону кормандон, ки дар самтҳои гуногун пажуҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизоти муосири фанҳои табиию риёзӣ ва маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш ба ифтихори 33 – солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баён намуд, ки имрӯз таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз гардидааст, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваст мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *