Қадри ту яке ҳазор гардад…
Субҳи имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва сафири Тоҷикистон дар давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов дар деҳаи Каздони ҷамоати деҳоти Шамтуч корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 шуруъ шуданд.
Сохтмони бинои мазкур бо дастгирӣ ва ташаббуси Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода ба роҳ монда шудааст. Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, ошхона, толори гимнастикӣ, гармхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 320 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Ин тасмим дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бино бо сифати баланд бунёд карда мешавад.
Муқим Муродзода ва Зубайдулло Зубайдзода дар маҳали сохтмони бинои таълимӣ бо сокинони деҳа суҳбат намуда, таъкид карданд, ки дар оянда сохтмони муаасисаҳои таълимии нав дар дигар деҳоти ҳудуди ноҳия низ ба роҳ монда мешавад ва биноҳои таълимие, ки ба таъмиру тармим ниёз доранд, марҳила ба марҳила аз ҷониби МИҲД-и ноҳия бо дарназардошти талаботи замони муосир ободу азнавсозӣ карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ